Дар Бадахшон дар шаш моҳи соли равон ҳиссаи пасандозҳои шахсони воқеӣ 19 фоиз зиёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 14.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳиссаи пасандозҳои шахсони воқеӣ маблағи 367,8 млн. сомонӣ ё 87 фисади пасандозҳои умумиро ташкил дода, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 19 фоиз зиёд мебошад. Зиёдшавии нишондиҳандаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкии минтақа меафзояд. Дар ин хусус зимни ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаш моҳи соли 2024, ки 12 июли соли равон доир гардид, иттилоъ дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар медиҳад, дар ҷаласа таъкид гардид, ки ҷиҳати беҳтар намудани фазои қарздиҳӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии минтақа пайваста чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар натиҷа маблағгузории қарзӣ дар қаламрави вилоят дар нимсолаи якуми соли равон маблағи 140,8 млн. сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2023 32 фисад зиёд гардидааст.
Дар ҷаласа ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар 6 моҳи соли равон ба 829,3 млн сомонӣ баробар гардида, суръати рушд 108 фоизро ташкил дод. Нақшаи даромади буҷет бо назардоштани андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 104,8 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 116,7 млн сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақша 5,4 млн сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,8 млн сомонӣ зиёд мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






