Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шурои комплаенс бо иштироки намояндагони мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО баргузор гардид.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ додан, ки иштирокдорони ҷаласа оид ба пешгирии пайомадҳои хавфҳои ҷойдошта дар низоми бонкии мамлакат ибрози назар намуда, таъкид доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо имкон фароҳам месозад дар ҳамоҳангӣ аз таҷрибаи пешрафта истифода карда шавад.
Таъкид шуд, ки дар шароити ниҳоят печидаву ҳассос ва ҷаҳонишавӣ, рушди технологияву хизматрасонии гуногуни молиявӣ, инчунин таҳаввулоти вақтҳои охир, аз ҷумла паҳн шудани эълонҳои зиёди бардурӯғи ҳавасмандкунанда аз ҷониби гурӯҳҳои ҷинояткор бо мақсади гирифтани даромади осон водор месозад барномаҳои корӣ дар муддати кӯтоҳтарин таҷдид ва мизоҷони низоми бонкӣ аз ҳар гуна хавфҳо эмин нигоҳ дошта шаванд.
Инчунин аз ҷониби намояндагони департаменти мониторинги молиявӣ рӯнамо оид ба раванди санҷиши дахлдори муштарӣ тибқи талаботи Дастурамал «Дар бораи санҷиши дахлдори муштарӣ», маълумоти мухтасар оид ба чорабиниҳои гузаронидашуда дар самти тартиби кор бо рӯйхатҳои таҳримӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва корбарӣ дар ин самт ба иштирокдорон маълумоти мухтасар пешниҳод гардид. Дар ин раванд, таҷрибаи андӯхтаи «Бонки Эсхата» ва «Алиф Бонк» дар соҳаи МҚД/МТ/МПСҚО ва навгониҳои кории ташкилотҳои қарзии молиявии номбаршуда пешкаш гардид.
Иштирокдорони ҷаласа вобаста ба масъалаҳои рӯзнома мубодилаи афкор намуда, барои бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар фаъолияти корӣ пешниҳодҳо манзур намуданд.
Шурои комплаенс мақоми машваратии байни мақоми ваколатдори МҚД/МТ/МПСҚО, мақоми танзим ва назорати давлатӣ дар ин самт ва субъектҳои ҳисоботдиҳанда мебошад.
АКС:Бонки миллии Тоҷикистон








Татбиқи лоиҳаҳои муштарак барои рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии ангур идома дорад
Таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Рим баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
Намояндагони Тоҷикистон дар Конфронси глобалии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар Италия иштирок намуданд
Рушди фарҳанги экологӣ дар ҷаласаи Шурои экологии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баррасӣ карда шуд
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад






