Дар Душанбе масъалаи тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки миллии Швейтсария баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи мулоқотҳои дуҷонибаи Гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ намояндагони бахши иқтисодии Тоҷикистон дар ҳайати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо Вазири молияи Ҷумҳурии федеролии Швейтсария Карин Келлер-Зуттер ва Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан вохӯрӣ доир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ ҳайатҳо аз натиҷаи ҳамкории беш аз 25 солаи судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки Бонки миллии Швейтсария тайи ин муддат дар рушди самтҳои муҳимтарини низоми бонкӣ, аз ҷумла фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар бахшҳои идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва идоракунии хавфҳои амалиётӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Ҷонибҳо инчунин доир ба роҳандозии ҳамкорӣ дар дигар самтҳои судманд, аз ҷумла ҷалби сармояи Швейтсария ва технологияҳои муосири он ба рушди дигар соҳаҳои муҳимми Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
Бахшида ба 70-солагии таъсиси шаҳри Бӯстон Озмуни шаҳрии «Китобхонаи беҳтарин» баргузор гардид
Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд






