Дар Душанбе саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 25.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 июл дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар таҳти унвони «Саҳми шуроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода иброз дошт, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ баҳри дар амал татбиқ намудани раванди ислоҳоти милитсия корҳои назаррасро ба сомон расонида, дар ин росто ҳамкории судмандро бо шуроҳои ҷамъиятӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа самаранок ба роҳ мондааст.
Дар доираи ислоҳоти милитсия, бо мақсади ба таври фаврӣ расидагӣ намудан ба муроҷиати сокинони пойтахт сомонаи расмии раёсат таъсис дода шуда, муроҷиатҳои шаҳрвандон саривақт пайгирӣ карда мешаванд. Ҳамчунин бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкории милитсия бо ҷомеа вохӯрии нозирони минтақавӣ бо шуроҳои ҷамъиятӣ ва сокинони пойтахт баргузор шуда, тасмим гирифта шудааст, ки минбаъд ҳамасола озмуни «Корманди беҳтарини Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе» аз намуди самтҳои гуногуни фаъолият ба роҳ монда шавад.
Гуфта шуд, ки дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе соли 2024 Нуқтаи сайёри милитсия оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ таъсис дода шуда, он ҳар ҳафта рӯзи шанбе ба ноҳияҳои шаҳри Душанбе сафарбар мегардад. Зимни сафар муроҷиатҳои шаҳрвандон ба тариқи сайёр қабул карда шуда, дар ҷараёни он роҳбарияти раёсат, кормандони хадамоти шиносномавӣ, огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвақронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон, нозирони минтақавӣ, ташхиси криминалистикӣ, шуроҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок менамоянд, ки ин иқдом барои ҳамкории милитсия бо ҷомеа саҳми босазо гузошта истодааст.
Ба гуфти Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия Сафиало Азизулозода амалишавии ислоҳоти милитсия яке аз ҳадафҳои асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, маҳз маҳаки асосии ноил гардидан ба чунин ҳадафҳо ҳамкории мустаҳками милитсия бо ҷомеаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар ҳамоиш як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани робита ва ҳамкории милитсия бо ҷомеа таклифу пешниҳодҳои муфид пешниҳод гардид.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






