Дар Екатеринбург дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи саноат баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи саноат дар мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Антон Алиханов дар шаҳри Екатеринбург дар доираи форуми байналмилалии саноатии «Иннопром -2024» баррасӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот рушди муносиботи дуҷониба ва шарикии ду давлат, ки ба шарофати дастуру супоришҳои созандаи роҳбарияти олии ҳарду давлат ва ҳамкории зичи бахшҳои дахлдор таҳким меёбад, баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо оид ба дурнамои барқарорсозии робитаҳои саноатӣ ва эҷоди занҷирҳои нави истеҳсолӣ, ки барои рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии аҳолӣ аҳамияти калидӣ доранд, табодули афкор намуданд. Ба масъалаҳои кооператсияи саноатӣ ва таҳияи лоиҳаҳои шарикӣ дар соҳаҳои гуногуни саноат, аз ҷумла маъданҳои куҳӣ ва нассоҷӣ, ки заминаи пешрафти минбаъда хоҳанд шуд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.
Мусоҳибон таъкид карданд, ки тавофуқоти ҳосилшуда байни Роҳбарони ҳар ду давлат ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мусоидат мекунанд.
Инчунин дар мулоқот доир ба муҳимияти рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ, ки ба таҳкими савдо ва мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд, изҳори назар карда шуд.
Ҳарду ҷониб омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва амалӣ намудани ташаббусҳои нав, ки ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ нигаронида шудаанд, изҳор доштанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба муҳокимаи нуктаҳои нақшаи ҳамкории Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия зоҳир карда шуд.
Дар доираи ин нақша, масъалаҳои таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи саноат, бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, беҳтар намудани шароит барои ҷалби сармоя ва табодули технология матраҳ гардид.
Дар фарҷом изҳори боварӣ карда шуд, ки иштирок дар форуми «Иннопром-2024» барои рушди минбаъдаи иқтидори саноатии ҳарду давлат имкониятҳои беназир фароҳам оварда, ба навсозии равандҳои истеҳсолӣ ва тавсеаи бозорҳои фурӯш мусоидат хоҳад кард.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд






