Дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор дар майдони 210 гектар кишти такрорӣ мегузаронанд
ҲИСОР, 18.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор имсол бояд дар майдони 210 гектар кишти такрорӣ гузаронанд. То имрӯз ҷуворимакка барои дон 8 гектар, тарбуз 1,20 гектар, ҷуворимакка барои селос 140 гектар корида шуда, кишти такрорӣ дар хоҷагӣ брмаром идома дорад, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови шаҳри Ҳисор серсоҳа буда, дорои 1032 гектару 60 сотих замини корами обӣ ва 113 гектар заминҳои лалмӣ мебошад. Хоҷагӣ дар асоси шартнома ба 800 нафар деҳқон заминҳои хоҷагиро тақсим кардааст, ки онҳо дар асоси нақшаи кишти асосӣ ва такрории хоҷагӣ заминҳоро кишт менамоянд.
Иҷоракорон дохилӣ мебошанд, чунки онҳо бо маоши доимии хоҷагӣ таъмин буда, кишти заминҳоро низ аз ҳисоби техника ва тухмии хоҷагӣ мегузаронанд. Мувофиқи шартномаи басташуда, бо кишоварзон як фоизи муайяни ҳосилро Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов ба онҳо медиҳад.
Сариқтисодчии Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов Сулаймон Нуриддинов иброз дошт, ки «аз 254 гектар кишти гандуми тирамоҳӣ то имрӯз 224 гектари онро ҷамъоварӣ намудем, ки ба ҳисоби миёна аз ҳар як гекта 40,3 сентнерӣ ҳосил гирифта шуд. Имсол аз ҳисоби серборишӣ ва касалии зарда ҳосили гандум кам гардид, вале дар соли 2023 деҳқонони хоҷагӣ аз ҳар як гектар то 70 сентнер ҳосили гандум ҷамъоварӣ намуда буданд. Айни замон дар анбори хоҷагӣ 994 тонна гандум ҷамъоварӣ шудааст, ки кормандон ба тоза намудану коркарди он машғул ҳастанд».
Бояд гуфт, ки яке аз самтҳои фаъолияти Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов ин тухмипарварӣ буда, раванди мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз соли 2008 ба роҳ монда шудааст ва ҳамасола хоҷагидорон аз 300 то 400 тонна тухмӣ захира карда, ба фурӯш мегузоранд. Имсол низ хоҷагии мазкур ба кишоварзони ҷумҳурӣ зиёда аз 500 тонна тухмии гандуми хушсифати гуногунро пешниҳод менамояд.
Ҳамчунин дар хоҷагӣ 204 гектар пахта, юнучқа 40 гектар, мака 100 гектар, картошка 30,5 гектар, сабзавот 27 гектар ва 17 гектар пиёз кишт карда шуд, ки дар ҷамоварӣ ҳосили картошка 200 сентнер ва ҳосили пиёз 400 сентнерро ташкил дод. Айни замон ҷамъоварии сабзӣ ва дигар маҳсулоти полезӣ идома дорад.
Самти дигари фаъолияти Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов чорводорист, ки намунаҳои беҳтарини он аз зотҳои сиёҳало ва сементал мебошад. Тибқи иттилои масъулини хоҷагӣ, айни замон дар фермаи ин хоҷагӣ қариб 806 сар чорвои калони шохдор ва 867 сар чорвои майда парвариш карда мешавад. Аз шумораи умумии чорвои калони шохдори хоҷагӣ зиёда аз 344 сар ширдеҳ мебошад, ки дар шаш моҳи соли равон 762 тонна шир ва 52 тонна гӯшт истеҳсол шудааст. То имрӯз 140 сар гӯсола гирифта шуд ва барои хушзоткунии аҳолӣ ва парвариши чорвои зотӣ дар хона дар бозор ба мардум 120 чорвои калони шохдорро фурӯхтаанд. То имрӯз 800 тонна тарбеда ва 80 тонна хошок захира карда шудааст ва аз ҳисоби кишти такрорӣ кариб панҷ ҳазор тонна хӯроки чорво захира карда мешавад.
Аъзои Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродови баҳри инкишоф ва зарфиятҳои соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор, истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу заминро самаранок ба роҳ монда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир масъалаи таҳия ва имзои санади нави ҳамкориро дар самти пешгирии ҳолатҳои фавқулода баррасӣ карданд
Дар Душанбе роҳҳои нави ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баррасӣ гардиданд
Тоҷикистон ва Чин робитаҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ҳамкории минтақавиро густариш медиҳанд
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Ин озмуни ҷумҳуриявӣ бо мақсади таҳкими фарҳанги оиладорӣ баргузор мешавад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои сироятии мавсимӣ зиёд мешаванд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ дар ҷамоатҳо, деҳот ва маҳаллаҳо оғоз шуд
Дар пиряхи Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалӣ оид ба навсозии стансияи баландкӯҳи Горбунов гузаронида шуд
МАҚОМИ ЗАН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ. Давоми сеюним даҳсола мавқеъ ва мақоми зан дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт
Дар назди Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод бинои нави таълимӣ ва хобгоҳ сохта мешавад
Дар Суғд масъалаи риояи талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хизматрасонӣ баррасӣ гардид






