Дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» доир гардид
ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар Маҷлиси намояндагон ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» Наҷибулло Оқилзода доир гардида, дар он шаш масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки таҳти роҳбариву роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу роҳандозии иқдомҳои созанда ва барномаҳои ҳадафмандона ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифз ва таблиғи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеа, амнияту оромии мамлакат ва саломатию некуаҳволии аҳолӣ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нуфузу эътибори миқёсӣ пайдо намуда, ба ҳайси ҳизби пешсаф дар ҷомеаи навини ҷумҳурӣ эътироф гардидааст.
Ҳизб манфиатҳои мардумро сарфи назар аз вазъи иҷтимоӣ, мансубияти миллӣ, мавқеи ҷамъиятӣ ва муносибат ба дину мазҳаб ҳимоя намуда, суннату анъанаҳо ва арзишҳои беҳтарини миллӣ, таърихӣ ва фарҳангиро дастгирӣ ва инкишоф дода, ҳар гуна зуҳуроти маҳалгароӣ, миллатчигӣ, таассуби динӣ, зӯроварӣ, экстремизм (ифротгароӣ), терроризми сиёсӣ ва диниро қатъиян маҳкум намуда, худшиносӣ ва ватанпарастиро асоси фаъолияташ мешуморад.
Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ин афзоиш додани сафи ҳизбиён мебошад. Дар ин замина, ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» пайваста баҳри ҷалби неруҳои созандаи мамлакат, бахусус аз ҳисоби ҷавонони соҳибкасбу бомаҳорат ва дорои малакаю саводи муосир чораҳои муассир меандешад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ дар самти ҷалби кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои узвият дар Ҳизби Халқӣ деморкати Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида шуда, зиёда аз 10 нафар аъзои нав дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» ба қайд гирифта шуд. Имрўз шумораи хизматчиёни давлатӣ, ки дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон аъзои ҲХДТ ҳастанд ба 100 нафар расид. Ин шумора дар соли 2022 ҳамагӣ 64 нафарро ташкил медод.
Дар интиҳои ҷаласа аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба як гурӯҳ кормандони фаъоли Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳо дар маросими тантанавӣ тақдим гардид.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд






