Дар Петербург масъалаи истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 01.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 июни соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми XII байналмилалии ҳуқуқии Петербург баргузор гардид, ки дар он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок ва оид ба истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон сухан намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлия хабар медиҳад.
Музаффар Ашуриён дар ҷаласа аз таҷрибаи истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, минҷумла ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариати давлатӣ сухан намуд.
Ҳамзамон вазири адлия дар ҷаласаи пленарии Форуми XII байналмилалии ҳуқуқии Петербург, ки таҳти раёсати муовини раиси Шурои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев баргузор гардид, иштирок намуд.
Тавре иттилоъ дода шуд, форуми мазкур майдони васеи муколама ва мубоҳисаҳои ҳуқуқшиносон аз як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, дар он вазирони адлияи давлатҳои хориҷӣ, ходимони илмиву амалӣ, ҳуқуқшиносони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, судяҳои судҳои конститутсионӣ ва арбитражӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи академӣ, сохторҳои бонкӣ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои мубрами соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳалли мушкилоту муаммои татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадам мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон дар доираи форум масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавию хусусӣ, нақши ҳуқуқ ва қонун дар замони дигаргуниҳои ҷаҳонӣ, амалияи судӣ ва арбитражии ҳалли баҳсҳои сармоягузорию иқтисодӣ, таъмини ҳуқуқии истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ҳуқуқи ширкатҳои тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаи васеи иштирокчиён қарор дода шуда, дар доираи он инчунин форуми ҳуқуқшиносони ҷавон, муколамаҳо ва конфронсҳои сатҳи баланд баргузор гардид.
Дар чаҳорчубаи Форуми XII байналмилалии ҳуқуқии Петербург мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Беларус Евгений Коваленко баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшавандаи соҳаи адлияро муҳокима намуда, татбиқи заминаи ҳуқуқии дуҷониба оид ба масъалаҳои ёрии ҳуқуқии мутақобиларо арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки рӯзномаи ҳамкории дуҷонибаро фаъол гардонда, нақшаҳои кори муштараки вазоратҳои ду мамлакатро барои ояндаи наздик мувофиқа созанд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






