Дар Петербург масъалаи истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуд

Июль 1, 2024 16:11

ДУШАНБЕ, 01.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 28 июни соли равон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия Форуми XII байналмилалии ҳуқуқии Петербург баргузор гардид, ки дар он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён иштирок ва оид ба истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон сухан  намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлия хабар медиҳад.

Музаффар Ашуриён дар ҷаласа аз таҷрибаи истифодаи васеи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар Тоҷикистон, минҷумла ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариати давлатӣ  сухан  намуд.

Ҳамзамон вазири адлия дар ҷаласаи пленарии Форуми XII байналмилалии ҳуқуқии Петербург, ки таҳти раёсати муовини раиси Шурои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев баргузор гардид, иштирок намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, форуми мазкур майдони васеи муколама ва мубоҳисаҳои ҳуқуқшиносон аз як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ба шумор рафта, дар он вазирони адлияи давлатҳои хориҷӣ, ходимони илмиву амалӣ, ҳуқуқшиносони соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ, судяҳои судҳои конститутсионӣ ва арбитражӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои васеи академӣ, сохторҳои бонкӣ, инчунин намояндагони донишгоҳҳои бонуфузи ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ иштирок намуда, дар мавзуъҳои мубрами соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ, ҳалли мушкилоту муаммои татбиқи ҳуқуқ ва таҷрибаи пешқадам мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамзамон дар доираи форум масъалаҳои ҳуқуқи байналмилалии оммавию хусусӣ, нақши ҳуқуқ ва қонун дар замони дигаргуниҳои ҷаҳонӣ, амалияи судӣ ва арбитражии ҳалли баҳсҳои сармоягузорию иқтисодӣ, таъмини ҳуқуқии истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, ҷалби сармоягузорӣ, ташкили фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ҳуқуқи ширкатҳои тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаи васеи иштирокчиён қарор дода шуда, дар доираи он инчунин форуми ҳуқуқшиносони ҷавон, муколамаҳо ва конфронсҳои сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар чаҳорчубаи Форуми XII байналмилалии ҳуқуқии Петербург мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Беларус Евгений Коваленко баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии таҳияшавандаи соҳаи адлияро муҳокима намуда, татбиқи заминаи ҳуқуқии дуҷониба оид ба масъалаҳои ёрии ҳуқуқии мутақобиларо арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки рӯзномаи ҳамкории дуҷонибаро фаъол гардонда, нақшаҳои кори муштараки вазоратҳои ду мамлакатро барои ояндаи наздик мувофиқа созанд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 1, 2024 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид
Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд