Дар Риёз ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 9 июл дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доктор Муҳаммад ибни Абдулазиз Ал-Ҷарбо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла натиҷаҳои сафари ҳайати парлумонии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июни соли равон ҳайати парлумонии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Дар доираи сафар ҳайати шоҳигарӣ бо як зумра роҳбарони сохторҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






