Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Раиси ташкилот Субҳиддин Шамсиддинзода зимни пешниҳоди ҳисобот иброз намуд, ки нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти аъзои ҳизб, боло бурдани ҳисси худшиносию худогоҳии кормандон, дар руҳияи ватандориву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, талқини ғояҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии аъзои ҳизб ва дар ин замина иҷрои барномаҳои давлатию соҳавӣ, қарору қонунҳо ва дастуру супоришҳои пайвастаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкилу баргузории ҷамъомадҳои гуногун ҷой дода шудааст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилот нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, тибқи он то ин муддат як зумра корҳо анҷом дода шудаанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати неруи муқтадири сиёсии мамлакат барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад.
Ба гуфти номбурда, маҳз Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд дар ҳама вазъият дар назди мардум бошанд ва исбот намоянд, ки ҳамеша дастгиру мададгори халқ мебошанд. Ин аст, ки рӯз аз рӯз аъзою ҷонибдорони ин ҳизби мардумӣ зиёд гашта, туфайли қувваи бузурги ҳизбиёну ҷонибдорон мақом ва манзалати он низ дар ҷомеа боло меравад.
Дар идома раис ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз нав интихоб гардиданд. Инчунин бо пешниҳод ва ҷонибдории аъзои ҳизб ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Эҷод» ҳамчун ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» номгузорӣ карда шуд.
Дар фарҷом тазаккур дода шуд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ховар» дар оянда низ фаъолияти хешро тибқи талаботи Оиннома, Барнома, низомномаҳо ва дастуру супоришҳои роҳбарияти ҳизб ба роҳ монда, ҷиҳати роҳандозӣ намудани сиёсати созандаи ҳизб кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва дар таҷлили ҷашни бузургӣ миллӣ – 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам намудани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба сарнавишти Борбади Марвазӣ филми ҳунарӣ ба навор мегирад
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






