Дастовардҳо ва инфрасохтори сайёҳии шаҳри Душанбе мунтазам дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади муаррифии зебоиҳои шаҳри Душанбе, ки симои сайёҳии мамлакат маҳсуб шуда, дар он имконияти мусоид баҳри таъмини фароғату саёҳати сокинону меҳмонон фароҳам оварда шудааст, саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тавре сардори шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дилшоди Ҷамшед иброз дошт, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррифи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
«Дар робита ба ин, дар саҳифаҳои шуъба дар шабакаҳои иҷтимоии фейсбук (dushanbe-travel), инстаграм (dushanbe.travel) ва Телеграмм (dushanbe.travel) бо мақсади муаррифии зебоиҳои пойтахт, тарғиби дастовардҳо ва инфрасохтори сайёҳии шаҳри Душанбе, маконҳои таърихиву фарҳангии он мунтазам аксҳои зебою назаррабои гӯшаҳои гуногун ва рилсу роликҳои тарғиботӣ оид ба иқтидори сайёҳии пойтахт инъикос карда мешаванд. Барои ворид шудан ба ин саҳифаҳо рамзи ягона (QR code) низ таҳия шудааст», — илова намуд ҳамсуҳбати мо.
Гуфта шуд, ки меҳмонону сайёҳон метавонанд дар саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба дастоварду навгонӣ ва имконияту зарфияти сайёҳии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе маълумоти ҷолиб пайдо намоянд.
АКС аз бойгонӣ








МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
ДУШАНБЕ — ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН. Таҳти ин унвон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор шуд
35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад






