Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ мегузаронанд
ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломиро дар хоҷагиҳои пешқадами ҷумҳурӣ, ки дар онҳо шароити кориву истироҳатӣ фароҳам оварда шудаанд ва дар онҳо филиалҳои кафедраҳо амал мекунанд, мегузаранд. Дар ин хусус 25 июл зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Усмон Маҳмадёрзода иброз намуд.
Гуфта шуд, ки таҷрибаомӯзии таълимӣ, технологию истеҳсолӣ ва пешаздипломӣ яке аз қисмҳои асосии раванди таълим буда, дар мустаҳкам намудани дониш ва татбиқи назария ба амалия нақши муҳим мебозад.
Донишҷӯён таҷрибаомӯзиро, аз ҷумла дар хоҷагиҳои таълимӣ — таҷрибавии «Ҳисор»-и шаҳри Ҳисор ва «Ёвон»-и ноҳияи Ёвон, кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон»- и ноҳияи Данғара, боғи «Хуталон», корхонаи комплексии «Пиллаи Тоҷик», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мармарӣ», Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Шивер — Тоҷикистон» ва ғайраҳо гузаронида, донишҳои назариявию амалиро такмил дода, дар баробари ин тарзи корбариро дар истеҳсолот омӯхтанд.
Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки натиҷаи имтиҳонҳои шифоҳӣ ва хаттӣ нишон дод, ки дараҷаи донишандӯзии донишҷӯён дар ин имтиҳонҳо ба 86,99 фоиз ва сифати таҳсил ба 54,04 фоиз баробар аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар 6 моҳи аввали соли 2024 аз тарафи олимону омӯзгорони донишгоҳ 13 китоби дарсӣ, 42 дастури методӣ, 9 монография ва 15 тавсиянома ба нашр расид.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд






