Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо корхонаҳои истеҳсолии Чин Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Июль 4, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 04.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо корхонаҳои истеҳсолии чинии HaiTuo Energy Development Co. LTD Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникӣ хабар доданд, Созишномаи ҳамкорӣ 3 июл дар Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин – коргоҳи Лубан ба имзо расида, инчунин маросими тақдими даъватнома оид ба қабули донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба Донишгоҳи шаҳрсозии Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати идомаи таҳсил аз рӯйи барномаи таълимии муштараки 2+2 баргузор гардид.

Дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ донишҷӯёни равияҳои энергетикӣ ва механиконии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иҷрои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, рисолаҳои хатм, таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва ба бозомӯзии кӯтоҳмуддат дар ширкати чинии HaiTuo Energy Development Co. LTD, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунад, фаро гирифта шуда, пас аз хатми донишгоҳ дар ширкати мазкур бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

Июль 4, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид