Эмомалӣ Раҳмон: «Чин аз шарикони муҳимтарини тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад»
ДУШАНБЕ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гардиши мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин соли гузашта нисбат ба соли 2022 ба андозаи зиёда аз 24 фоиз афзоиш ёфт. Ҳаҷми сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2023 зиёда аз 4 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки беш аз дуюним (2,6) миллиарди он сармояи мустақим мебошад. Ин раванд соли ҷорӣ дар ҳоли рушди бештар қарор дорад. Ин матлабро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 июл зимни изҳороти матбуотӣ аз рӯйи натиҷаҳои сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.
Сарвари давлат тазаккур доданд, ки «Ширкатҳои «Зарафшон» («Зи Ҷин Голд»), маҷмааи саноати бофандагии «Ҷунтай — Данғара Син Силу Текстил», «Хуаксин семент-Ёвон» ва чанде дигар намунаи равшани ҳамкории самарабахши сармоягузории ду кишвар маҳсуб мешаванд. Дар маҷмӯъ, имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи ҷониби Чин фаъолият мекунад.
Пешвои миллат хотирнишон намуданд, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон ва Чин доир гардид. Дар чорчӯби ин чорабинӣ, ду ҷониб ба маблағи зиёда аз 600 миллион доллар шартномаву қарордодҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ҷониби Тоҷикистон ҳавасмандии худро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари доираҳои соҳибкории Чин ба манзури татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ таъкид менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






