Эмомалӣ Раҳмон: «Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин намунаи шоистаи ҳамкории муваффақ мебошанд»
ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи муносибатҳои дуҷонибаи мардумони мо, ки дорои решаҳои амиқи чандинасра мебошанд, аз замони Роҳи бузурги Абрешим маншаъ гирифта, намунаи шоистаи ҳамкории муваффақ аст. Тоҷикистону Чин шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ буда, муносибатҳои мо тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро фаро мегиранд. Чунин изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мусоҳиба бо хабарнигори Агентии иттилоотии «Синхуа».
Ба гуфтаи Сарвари давлат, «Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи барпо намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ» на танҳо барои рушди муносибатҳои дуҷониба ба манфиати халқҳои ҷумҳуриҳоямон заминаи устувори ҳуқуқӣ гузошт, балки дар ҳифзи сулҳу субот дар минтақа низ нақши назаррас дорад.
Пешвои миллат бо изҳори хушнудӣ баён доштаанд, ки давоми беш аз 30 соли муносибатҳои дипломатӣ ҳамёрии Тоҷикистону Чин дар самтҳои ҳамсоягии наку, дӯстӣ ва дастгирию эътимоди мутақобила устуворона рушд менамояд.
«Имрӯз муносибатҳои кишварҳои мо дар заминаи ҳамбастагии мавқеъҳо оид ба аксар мушкилоти минтақавӣ ва глобалӣ асос ёфтаанд. Ҳамкории созанда ҳам аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамаҷониба густариш меёбад», — иброз намуданд Роҳбари давлат.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд






