Фаъолияти назарраси Донишкадаи Конфутсий дар Тоҷикистон шаҳодати сатҳи баланди ҳамкории ду мамлакат дар соҳаи илму фарҳанг мебошад

Июль 8, 2024 13:22

ДУШАНБЕ, 08.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 7 июл ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода дар ҳамоиши илмӣ таҳти унвони «Донишкадаи Конфутсий ва омӯзиши мутақобилаи тамаддунҳо», ки ба истиқболи 20-солагии таъсиси  Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  хабар доданд.

Эмомалӣ Насриддинзода атрофи муносибатҳои Тоҷикистону Чин изҳори назар намуда, бо «Ордени Дӯстӣ»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ки зимни сафари давлатӣ ба  Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст, рамзи дӯстии нек ва бародарӣ арзёбӣ намуд.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  изҳор дошт, ки таъсис ва фаъолияти назарраси Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шаҳодати сатҳи баланди ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаи илму фарҳанг мебошад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Донишкадаи Конфутсий дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, озмунҳо ва фестивалҳо фаъолона иштирок намуда, бо ин васила дӯстии байни мардумони ду ҷумҳуриро таҳким мебахшад.

Дар охир Ректори Донишгоҳи миллӣ гуфт, ки ҳамчун муассисаи таълимии пешоҳанги минтақавӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати морифпарваронаи Пешвои миллат пешгом буда, ҷиҳати тақвият бахшидан ба рушди ҳамкории таҳсилотӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва тарбиявӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, алалхусус бо донишгоҳҳои Чин ва Осиёи Марказӣ омода мебошад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Июль 8, 2024 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид