«Хуш омадед»: SuperApp-ро биомӯз ва соҳиби туҳфаҳо шав!

Июль 30, 2024 08:28

ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Муштариёни нави ширкати «МегаФон Тоҷикистон» барои омӯхтани имконияти замимаи мобилии «MeгаФон Life» соҳиби мукофот мегарданд. Барои ин бори аввал анҷом додани амали муайян — масалан, мустақилона пайваст кардани хизматрасонии зарурӣ дар «MeгаФон Life» ё харидани чипта ба тариқи хизматрасонии «Намоишҳо» кифоя аст.

Барномаи «Хуш омадед» – ин квести иборат аз дувоздаҳ марҳила мебошад, ки онҳоро бо дилхоҳ тартиб ва дар вақти муносиб гузашта мешавад. Онҳо ба вазифаҳои асосии «MeгаФон Life», аз ҷумла пардохт тавассути «Ҳамён»-и мобилӣ, истифодаи зангҳо ва паёмрасонҳо дар замима, идоракунии хизматрасониҳои алоқа вобастаанд.

Мукофотҳо барои гузаштани марҳилаҳо, ба монанди трафики интернет аз 200 то 1000 МБ, 1000 танга дар бозии «Лайфи» ё «комбо» — 4000 МБ барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва YouTube пешбинӣ шудаанд. Ҳамин тариқ, ҳалли масоили ҳаррӯза ба истифодабаранда бонусҳои дилписанд низ тақдим менамояд. Мукофотҳо дарҳол пас аз анҷоми марҳилаҳо фаъол карда мешаванд. Муҳлати амали трафики интернети туҳфавӣ — 30 рӯз аз лаҳзаи фаъолкунӣ мебошад.

Ҳамаи муштариёни нави ширкати «МегаФон Тоҷикистон», ки тарофаи «Биё! Бисоз Life»-ро пайваст намуданд, ба таври автоматӣ иштирокчии барномаи «Хуш омадед» мегарданд ва метавонанд дар замима равзанаи марҳилаҳои барномаро бубинанд. Маълумоти бештар дар бораи шартҳо ва мукофотҳо дар ҷадвал оварда шудааст.


Замимаи «МегаФон Лайф»-ро боргирӣ намуда, дар барномаи «Хуш омадед» иштирок кунед ва соҳиби туҳфаҳои муфид аз МегаФон Тоҷикистон гардед!

АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон

Июль 30, 2024 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд