«IMO-2024». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд

Июль 22, 2024 11:23

ДУШАНБЕ, 22.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни математика «IMO-2024» (International Mathematical Olympiad) сазовори 2 медали биринҷӣ ва 3 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Олимпидаи рӯзҳои 11 ва 22 июли соли равон дар шаҳри Бати Шоҳигарии Британияи Кабир баргузор гардид. Дар он довталабон аз 110 давлати дунё иштирок намуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 6 нафар хонанда муаррифӣ кард. Пеш аз иштироки даста дар панҷ олимпиадаҳои ҷаҳонӣ,  аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» даврҳои интихобӣ барои иштирок ва муаррифӣ гузаронида шуд.

Даврҳои интихобии Олимпиадаи ҷаҳонии «IMO-2024» моҳи май баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 46 нафар хонанда аз муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат иштирок намуданд. Аз байни иштирокчиён 6 нафар хонанда барои иштирок дар даври ниҳоии олимпиада роҳхат гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар  Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  «ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040  «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шавад».

Маҳз  таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба илмҳои дақиқ аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ, хусусан физикаю математика бештар гардида, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ низ зиёд ба назар мерасад.

Ин дастовард шаҳодати он аст, ки рушди ҳаракати олимпӣ дар мамлакат сол ба сол беҳтар гардида, хонандагони тоҷик аз фанҳои табиӣ-риёзӣ бо ҳамсолонашон аз давлатҳои тараққикардаи дунё рақобати арзанда нишон дода, нуфузи ҷумҳуриро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 22, 2024 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид