Имрӯз дар Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз мегардад

Июль 26, 2024 07:00

ДУШАНБЕ, 26.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз соати 22:30 ба вақти Душанбе дар шаҳри Париж Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз гардида,  то 11 август идома меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқот  14 варзишгар,  аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ мекунанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки дар бозиҳо аз 32 намуди варзиш 10 500 варзишгар аз 206 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд. Варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо байни ҳам мубориза мебаранд.

Дар ин чорабинии варзишӣ, ки дар чор сол як маротиба доир мешавад, варзишгарони тоҷик низ пайваста иштирок ва барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ талош меварзанд.

Паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Париж парчами дастаи мунтахаби Тоҷикистонро хоҳад бардошт. Темур Раҳимов 3 сол пеш дар маросими ифтитоҳ дар Олимпиадаи Токио низ парчамбардори дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон буд.

Дар баробари Темур Раҳимов дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ,  инчунин 5 ҷудокори дигари тоҷик, аз он ҷумла Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кг, Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кг, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 90 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг иштирок менамоянд. Дар риштаи бокс давлати моро се муштзан Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг, Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кг ва Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг муаррифӣ хоҳанд намуд.

Екатерина Бордачёва ва Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаҳои кӯтоҳ – 50 ва 100 метр, Фаворис Музрапов дар варзиши сабук, дав ба масофаи 100 метр тариқи саҳмияи уневерсалии Федератсияи байналмиллалии шиноварӣ ба Париж мераванд. Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо дар вазни +67 кило ва Виктор Рассадин дар риштаи гӯштини озод дар вазни то 74 кило дар рӯзҳои наздик ба  Париж мераванд.

Варзишгароне, ки дар олимпиадаи Париж-2024 медали тилло мегиранд, ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, барандагони нишони нуқра 250 ҳазор сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 200 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Инчунин бо қарори Раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар ин бозиҳо барандаи медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра — дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ — якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 26, 2024 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд