Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

Июль 5, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои  тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад.  Дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15  дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои  тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона  7+12 дараҷа гарм, рӯзона 20+25  дараҷа гарм  мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 19+24 дараҷа гарм, рӯзона 35+40 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 16+21  дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимолан раъду барқ ба амал ояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 дараҷа гарм, рӯзона 33+38 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа гарм, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 22+24 дараҷа ва рӯзона 36+38 дараҷа гарм мешавад.

Июль 5, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон» ва Лигаи футболи кӯдакону наврасон шартнома оид ба ҳамкорӣ бастанд
Дар Мянма тахмин мезананд, ки шумораи ҳалокшудагони заминларза аз 3 ҳазор нафар бештар мешавад
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Бақайдгирӣ ва аз қайд баровардани шаҳрванд аз ҷойи истиқомат чӣ гуна амалӣ мегардад?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Бангкок ба 20 нафар расид
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии Infomatrix — Asia сазовори ҷойҳои намоён гардиданд
Теъдоди ҳалокшудагони заминларзаи Мянма ба 2056 нафар расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Гурӯҳи тарғиботӣ бо сокинони маҳаллаи Ҷавонони деҳоти Чилгазии Исфара вохӯрӣ намуд
Моҳи апрел дар Тоҷикистон Фестивали гулҳо — «Сайри гули лола» гузаронида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад