Имрӯз иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум доир гардид

Июль 12, 2024 17:31

ДУШАНБЕ, 12.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум, доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар кори иҷлосия муовини якум ва муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва  роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар оғоз вакилон котиботи иҷлосияро интихоб намуда, масъалаҳои рӯзнома ва тартиби кори онро тасдиқ намуданд.

Нахуст вакилон рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 сентябри соли 2023, №479 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар шаҳри Душанбе»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, дар робита ба ин муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе гузориш дод.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳияҳо ва дигар сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки корро дар самти ободонию сабзкорӣ, таъмини ҳифзи муҳити зист, беҳдошти вазъи санитарӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ, сабзазоркунӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва атрофи шоҳроҳҳои даромади шаҳр тақвият бахшанд.

Ҳамзамон бо ин, бахшида ба истиқболи ҷашни “33-солагии Истиқлолияти давлатӣ” рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳашарҳои дастҷамъона бо ҷалби кормандони ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳои маорифу  тандурустӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт барои тозаю озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, шаҳраку маҳаллаҳо ба роҳ монанд.

Дар идомаи иҷлосия вакилон рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оиди дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»-ро мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба масъалаи мазкур гузориши муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдор, ҷиҳати вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар тамоми соҳаҳо ва таҳти назорат қарор додани ҷараёни иҷрои он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамзамон дастур дода шуд, ки вобаста ба тақвият бахшидани корҳо тариқи ғайринақдӣ дар самти иҷрои андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҳама намуд хизматрасони дар тамоми ташкилоту корхонаҳои ҳудуди пойтахт новобаста аз шакли моликият пайваста тадбирҳои таъхирнопазир андешида шавад.

Сипас ҷараёни татбиқи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа муҳокима гардида, вобаста ба ин масъала ҳисоботи муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки вобаста ба иҷрои стратегия ва нақшаи чорабиниҳои Мақомот оид ба эълон намудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои нави корӣ, тақвият бахшидани рушди содирот ва васеъ намудани имкониятҳои содиротӣ ва дар муҳлати муайяншуда ба истифода додани корхонаҳое, ки ифтитоҳашон ба нақша гирифта шудааст, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Вакилон дар идома — ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюмро муҳокима намуда, дар ин робита гузориши муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе шунида шуд.

Ба муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳр ва дигар сохторҳои дахлдор супориш дода шуд, ки вобаста ба иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳо бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидани раванди корҳои бунёдии муассисаҳои таълимию томактабӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ ва дигар иншоотҳои инфрасохторӣ тадбирандешӣ намоянд.

Инчунин баҳри рушди босуботи пойтахт ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим, тақвияти корҳои лоиҳаҳои татбиқшаванда ва ҷалби соҳибкорони саховатпеша ба корҳои ободониву созандагӣ чораандешӣ намоянд.


Ҳамзамон бо ин, барои иҷрои сифатноки барномаҳои соҳавӣ бахусус маорифу тандурустӣ, фарҳангу сайёҳӣ, обу корез, барқу гармидиҳӣ, нақлиёту коммуникатсия, кор бо занону оила ва ҷавонону варзиш корҳоро ҷоннок намуда, баҳри истифодаи самараноку мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, таъмини шаффофияти хароҷоти он, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад, иҷрои нақшаи андоз, кам намудани бақияпулиҳои андозӣ тамоми чораҳои судмандро роҳандозӣ намоянд.

Вакилон ҳамчунин як қатор қарорҳои қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанберо дар соҳаҳои муҳими шаҳрдорӣ баррасӣ ва тасдиқ намуданд.

Дар ҷамъбасти кори иҷлосия Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву зебогардониро дар пойтахт ҷоннок намуда, баҳри таҳким бахшидани рушди самтҳои ҳаётан муҳими шаҳрдорӣ камари ҳиммат банданд.

Бо ҳамин иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум кори худро анҷом дод.

АКС: шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Июль 12, 2024 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб дархост намуданд, ки кори мақомоти шаҳри Душанберо санҷад
Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» ҷамъбаст гардид
«Behran Lift» барои таъсиси корхонаи муштараки истеҳсоли лифту эскалатор дар Душанбе изҳори ҳавасмандӣ намуд
Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи китобҳои Пешвои миллат» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ ДАР GOOGLEMAP, YANDEXMAP ВА OSM. 1500 акси ҷолиби пойтахти Тоҷикистон дар ин харитаҳои рақамии бонуфузи ҷаҳонӣ ҷой карда шуд
Тақвими ягонаи чорабиниҳои Наврӯз — 2025 дар шаҳри Душанбе таҳия гардид
Тадбирҳои андешидаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар рушди сайёҳӣ ва муаррифии имконоти соҳа нақши назаррас гузоштанд
Иҷлосияи бистуякуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор гардид
Дар Душанбе иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум оғоз гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз ёфтанд
Дар иҷлосияи бисту якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе лоиҳаи буҷети пойтахт барои соли 2025 баррасӣ мешавад
«БОНУИ ҲУНАР». Дар Душанбе 30 нафар занону духтарон даври омӯзишии дӯзандагӣ ва қаннодиро хатм намуданд