ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ ХАДАМОТИ ОТАШНИШОНӢ. Дар Тоҷикистон «Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025» амал менамояд

Июль 30, 2024 10:40

ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 30 июл Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ муқаррар шудааст. Сардори Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода ба АМИТ «Ховар» оид ба фаъолияти хадамоти оташнишонӣ изҳори назар намуд.

-Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ, ки яке аз сохторҳои муҳими Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори нав касб кард.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 30 июл дар мамлакат Рӯзи кормандони хадамоти оташнишонӣ муқаррар гардид. Бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ мақоми марказии мустақили оперативии бехатарӣ аз сӯхтори Вазорати корҳои дохилӣ мебошад ва дар ду самт: назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор ва хомӯш намудани сӯхтор фаъолият мекунад.

Ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 91 ҷузъу томҳои зертобеи Сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаҳо, қисмҳои мустақил, дидбонгоҳҳои алоҳидаи ҳарбикунонидаи хадамоти давлатии оташнишонӣ баҳри пешгирии ҳодисаҳои сӯхтор дар вилоятҳо, минтақа ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти босамар доранд. Дар тавозуни Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои онҳо 384 нақлиёти оташнишонӣ мавҷуд аст, ки аз ин шумора 318 адад мошини асосӣ ва махсуси оташнишонӣ мебошанд.


Таъмини дидбонгоҳҳо ва қисмҳои оташнишонӣ бо мутахассисони соҳа яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Бинобар ҳамин баробари ташкил шудани факултети 5-ум дар назди Академияи Вазорати корҳои дохилӣ соли 2009 зарур дониста шуд, ки ихтисосҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода таъсис дода шаванд. Ин иқдом барои омода кардани мутахассисони варзидаи соҳа тадбири саривақтӣ ва зарурӣ буд. Кафедраи бехатарӣ аз сӯхтор мутахассисонро аз рӯи ихтисоси муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор омода мекунад ва ҳамасола хатмкунандагони ин кафедра сафи кормандони хадамоти давлатии оташнишониро пур мекунанд. Вале зарурат ба миён омад, ки барои омода намудани оташнишонони касбӣ муассисаи махсус кушода шавад.

Ҳамин тавр 12 апрели соли 2018 дар ноҳияи Данғара бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асоси «Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилӣ» гузошта шуда, 25 октябри соли 2021 бо иштироки Сарвари давлат ин муассисаи таълимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Соли 2023 ҳамчунин Маркази васлу насби таҷҳизоти техникаи оташнишонии Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода супорида шуд.

Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ҷузъу томҳои Сарраёсат ҳамасола мусобиқаҳои варзишии касбӣ-оташнишонӣ баргузор гардина, беҳтаринҳо қадрдонӣ мешаванд. Ҳамчунин барои сайқал додани ҳолати омодабошии кормандони соҳа ва таҳлили вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар муассисаву иншоот, биноҳои баландошёна, маҳаллаҳои аҳолинишин тибқи нақшаи Сарраёсат мунтазам машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ бо ҷалби хадамоту мақомоти ҳамоҳангсоз ташкил ва гузаронида мешаванд.

Соли 2021 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025 қабул гардид. Дар умум ин сеюмин барнома барои рушди Хадамоти давлатии оташнишонӣ мебошад. Барномаи нав бо мақсади таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва наҷот додани молу мулки шаҳрвандон, моликияти корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилот ва иншооти таъйиноташон гуногун таҳия гаштааст.

Тибқи барнома, барои сайқал додани донишу маҳорати касбии кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ, инчунин бо мақсади дуруст ва самаранок ба роҳ мондани фаъолият кормадони Хадамот барои табодули таҷриба ба кишварҳои хориҷӣ фиристода мешаванд.

Соли 2024 тибқи нақша 7 356 суъбекти хоҷагидор мавриди санҷиш қарор мегирад. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 кормандони Сарраёсат 3 659 санҷиши бехатарӣ аз сӯхтор гузарониданд. Зимни амалӣ намудани чорабиниҳои пешгирикунанда аз сӯхтор дар минтақаҳои аҳолинишин манзили истиқоматии шаҳрвандон аз санҷиш гузашта, бо сокинон оид ба қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуданд.

Давоми шаш моҳи соли 2024 дар мамлакат 494 ҳодисаи сӯхтор сабт шудааст. Кормандони хадамоти оташнишонӣ 37 нафарро аз коми оташ наҷот доданд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя намуда, ҷони худ ва наздиконро дар хатар нагузоранд.

 

АКС: Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ

Июль 30, 2024 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолият имкон дод, ки дар Тоҷикистон ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб карда шавад
Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Британияи Кабир мулоқот намуд
Эҳё ва ҳифзи арзишҳои миллӣ самараи даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои музмин бештар мегарданд
ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛАТИ ХИРАДПЕША. Нигаҳдорию эҳтирому эътирофи ин неъмат бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад
Истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ дар партави рушди маориф
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имкон дод, ки дар рушди соҳаи энергетика қадамҳои устувор гузошта шавад
Саҳми Пешвои миллат дар таҳкими истиқлол ва рушди иқтисодии Тоҷикистон
Вазифае муҳимтар аз нигаҳдорӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нест. Мулоҳизаҳои коршинос дар ин мавзуъ
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қонунгузории мамлакат рушд намуд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН ТО АБАД УСТУВОРУ ПОЯНДА БОШАД! Андешаҳои Пешвои миллат доир ба ин ҷашни бузурги миллӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ — ПОЙДЕВОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ. Ба ифтихори 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон