Ба муносибати таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд

Декабрь 5, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии  таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғд, Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хабар доданд.

Зимни ҷамъомад дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иброз шуд, ки маҳз дастур, ҳидоят ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия дар муддати кӯтоҳи фаъолият ба ниҳоди қавӣ табдил ёфта, дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва таъмини суботу оромии ҷомеа ҳиссаи арзишманд гузошт.

Маҳз бо дастгириҳои Ҳукумати мамлакат имрӯзҳо заминаи моддӣ-техникии Дастаи таъйиноти махсуси раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мустаҳкам гардонида шуд. Ҳоло барои беҳбуди фаъолияти корию хизматии кормандони он тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Аз ҷумла, хизматчиёни ин ниҳод соҳиби муосиртарин техникаю лавозимоти ҷангӣ, яроқу аслиҳа ва иншооти хизматию маркази таълимии ҷангӣ дар шароити кӯҳсор гардидаанд.

Зимни ҳамоиши тантанавӣ дар вилояти Хатлон гуфта шуд, ки давоми се даҳсола Дастаи таъйиноти махсуси милитсия ҳамчун сипари қавӣ ва такягоҳи боэътимоди ҷомеа арзи ҳастӣ мекунад. Ин ниҳоди пурмасъулият, ки дар шароити душвортарини солҳои аввали давлатсозӣ таъсис ёфта буд, имрӯз ба қудрати шукуҳманд, неруи муташаккил, касбӣ ва пуриқтидор табдил ёфтааст.

Таърихи 30 соли фаъолияти Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилӣ пур аз саҳифаҳои ҷасорат, садоқат, матонат ва хизмат ба Ватан аст. Зеро диловарони Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар ҳама вазъу ҳолат дар хати аввали дифоъ аз сарзамин ва мубориза бо унсурҳои ҷиноятӣ қарор доранд.

Иброз шуд, ки иқтидори кории Дастаи таъйиноти махсуси милитсияи вилояти Хатлонро, ки воҳидҳои минтақавии он дар Бохтару Кӯлоб фаъолият мекунанд, ҷавононони матиниродаву размовар ва қавибозую шикастнопазир ташкил медиҳанд.

Дар қароргоҳи Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар вилояти Суғд низ дар ин рӯз ҳамоиши тантанавӣ доир карда шуд.

Зимни ҷамъомад гуфта шуд, ки фаъолият дар ин пешаи пурифтихор интихоби мардони ватандӯст мебошад. Онҳо дар ҳама гуна вазъият омодаанд садоқати худро ба Ватан ва халқ нишон диҳанд. Ҷавонони ҷасуру далер, чусту чолок ва руҳану ҷисман обутобёфта дар сафи Дастаи таъйиноти махсуси милитсия дар вилояти Суғд фаъолият доранд. Онҳо дар ҳолатҳои зарурӣ барои барҳам задани ҳадафҳои нопоки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, боздошти ҷинояткорони хавфноки мусаллаҳ ва дигар амалҳои номатлуби халалдорсозандаи осоиштагӣ саҳм мегузоранд.

Дар ҷамъомад ҳайати шахсии даста дар назди ҳозирин машқҳои тактикӣ, аз қабили муҳорибаи тан ба тан, безараргардонии ҷинояткори мусаллаҳ, озод намудани гаравгонҳо аз бинои баландошёнаи истиқоматӣ ва дастгир кардани гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро бо маҳорати баланд нишон доданд.

Ёдовар мешавем, ки Воҳидҳои таъйиноти махсуси милитсия 5 декабри соли 1995  бо ҳайати шахсии иборат аз 66 нафар таъсис дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Декабрь 5, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд
Бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамоиши идона доир гардид
Амнияти киберӣ яке аз муҳимтарин унсурҳои амнияти миллии Тоҷикистон мебошад
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» иштирок менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши шаҳрвандон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ мулоқот доир гардид
«SOS». Барномаи мобилие, ки дар ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандон кумак мерасонад
Тоҷикистон ва шарикони минтақавию байналмилалӣ ҳамкориро дар самти идоракунии хавфҳои иқлимӣ тақвият медиҳанд
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи муштараки «Тағйир додани низоми озуқаворӣ барои беҳтар намудани ғизо дар Тоҷикистон» доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 5 то 7 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Аз 1 август ҳаракати нақлиёт дар баъзе кӯчаҳои шаҳри Душанбе муваққатан маҳдуд карда мешавад