Милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон талаб намуд, ки аз фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ худдорӣ кунанд

Декабрь 6, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 06.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ манъ буда, ҳамчун ҷиноят арзёбӣ мегардад.

Тавре аз ин раёсат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, нафароне, ки ба фурӯши чунин мавод машғул мешаванд, тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Мувофиқи ин модда нисбат ба чунин шахсон ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи аз сад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо таъйин карда мешавад.

Милитсияи пойтахт аз шаҳрвандон қатъиян талаб менамояд, ки аз фурӯшу паҳнсозӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ худдорӣ намоянд.

Новобаста аз таъкидҳои пайвастаи масъулин нафароне ҳастанд, ки талаботи қонунгузориро риоя накарда, бо амалу рафтори худ ва истифодаи ғайриқонунии маводи тарфгарӣ оромии шаҳрвандонро халалдор месозанд.

Чанде пеш кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Сино сокини 34-солаи шаҳри Бохтар Давлатбек Тошматовро ҳангоми ба фурӯш гузоштани маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки номбурда 188 ҳазору 400 дона маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ)-ро бо навиштаҷоти «Трения» ба фурӯш гузоштааст.

Нисбат ба Давлатбек Тошматов парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тибқи талаботи моддаи 199 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи зарурӣ тартиб дода шудааст ва мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад.

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамаи шаҳрвандонро даъват менамояд, ки барои пешгирии истифодаи маводи тарфгарӣ ба милитсия кумак намоянд. Зеро истифодаи бемаврид ва садои баланду гӯшхароши ин мавод оромии шаҳрвандонро халалдор сохта, метавонад ба беморон таъсири манфӣ расонад.

Дар Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории мамлакат хариду фурӯш ва истеҳсолу паҳн намудани маводи тарфгарӣ манъ аст. Аммо, мутаассифона, баъзе тоҷирону савдогароне ҳастанд, ки манфиатҳои молиявии шахсии худро аз талаботи қонунгузорӣ боло шуморида, ба хотири ба даст овардани маблағ ғайриқонунӣ ба фурӯшу паҳнсозии он машғул мешаванд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Декабрь 6, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд