Имсол истифодаи «Барномаи биллингӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 19.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 18 июл барои мутахассиони Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ, мушовирони бахши китобдории шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор, ноҳияи Шаҳринав машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илм хабар доданд.
Мақсади омӯзиш кор бо «Барномаи биллинги»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки шуруъ аз соли равон истифодаи барномаи мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад.
Дар машварат қадамҳои аввали кор бо барномаи биллингӣ, аз қабили ворид намудани маълумот оид ба номгӯй ва шумораи китобҳои дарсӣ, рӯйхати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ омӯзонида шуд.
Ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ пардохтҳое мебошанд, ки бе истифодаи пули нақд бо роҳи истифодаи чек, кортҳои пардохтии бонкӣ ва дигар воситаҳои электронии пардохтӣ, супоришномаҳои пардохтӣ ва ҳоло тавассути пулҳои электронӣ ва ҳамёнҳои электронӣ анҷом дода мешаванд.
Яке аз афзалияти пардохти ғайринақдӣ, хоҳ кортҳои пардохтии бонкӣ ё дигар усулҳои ҳисоббаробаркунӣ тариқи воситаҳои электронии пардохт- ин осон будани истифодаи онҳо аст. Воситаҳои ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳангоми дуруст истифода шудан тарзи нисбатан бехатари пардохти мол ё хизматрасонӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» бо мақсади ба низом даровардани пардохти маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм барномаи махсуси биллингӣ таҳия карда шуд.
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид






