Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 октябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши илму маориф дар татбиқи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия ва ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.
«Барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсия, татбиқи пайгиронаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд»,-гуфт Сулаймон Султонзода.
Дар ҷараёни конференсия Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода доир ба масъалаи нақши соҳаи маориф дар ташаккули шуури зиддикоррупсионӣ иброз дошт, ки «баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии омӯзгорону донишҷӯён, тарбияи ҷавонон дар руҳияи донишандӯзӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти муассисаҳои таълимӣ дар пешгирии омилҳои коррупсионӣ аҳаммияти муҳим дорад».
Иштирокдорони конференсияи илмӣ-амалӣ нақши илму маорифро дар ташаккули шуури ҳуқуқӣ ва тарбияи ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва роҳҳои муассири пешгирии ин зуҳурот баррасӣ намуданд Инчунин доир ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, густариши корҳои маърифатию тарбиявӣ ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақомоти дахлдор мубодилаи афкор доир гардид.
АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон













Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






