«МАЛАКАИ РОҲБАРӢ». Аз рӯи ин барнома барои 30 нафар занони болаёқат машғулияти такмили ихтисос доир мегардад

Июль 3, 2024 18:15

ДУШАНБЕ, 03.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 6 июл дар доираи амалишавии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» барои 30 нафар намояндаи мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз ҳисоби занон аз рӯи барномаи «Малакаи роҳбарӣ» машғулияти такмили ихтисос доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Машғулият бо мақсади таъмини бештари иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» то ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон гузаронида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муддат аст, ки бо мақсади иҷрои нақшаи амали «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониш, маҳорату малакаи мудирият ва таҳлилгарии хизматчиëни давлатӣ, дониши ҳуқуқию сиёсии занону духтарон дар вазорату идораҳо, ташкилот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор менамояд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2024 18:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид