Масъалаи таҳияи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ,14.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ (ESG) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарият, намояндагӣ ва коршиносони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҷаласа лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мурарифӣ гардид.
Гуфта шуд, ки Лоиҳаи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ якҷо бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳия гардидааст.
Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои шарҳи муфассали Стандартҳои байналмилалии мавҷудаи ESG ва таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон дар ҷоринамоии он, тартиби роҳандозӣ ва риояи Стандартҳои миллии экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии корпоративӣ аз ҷониби ташкилотҳои аҳамияти калони ҷамъиятидошта дар Тоҷикистон, расонидани мусоидати иттилотию методологии вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба ташкилотҳое, ки Стандарти мазкур нисбат ба онҳо татбиқ мегардад, баррасӣ намуданд.
Намояндагони Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва коршиносон вобаста ба таҷрибаи байналмилалӣ дар ин самт, иброз доштанд, ки дар давраи минбаъда барои баргузории машвартҳо барои ташкилоту корхонаҳои дар Тоҷикистон фаъолияткунанда, ки Стандартҳо нисбат ба онҳо татбиқ мешаванд, мусоидат менамоянд.
Намояндагони вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Стандарти ESG-ро дар маҷмӯъ қобили дастгирӣ ва саривақтӣ ҳисобида, омодагии худро барои ҳамкорӣ иброз намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






