Масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Эрон дар Санкт-Петербург баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Масъалаи тақвияти ҳамкории парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи иштироки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар Анҷумани X парлумонии БРИКС дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир гардид.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки байни Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Шурои исломии Эрон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ фаъолият менамояд, ки дар таҳкими робитаҳои байнипарлумонии ҳар ду давлат нақши муҳим мегузорад. Аз ҷумла, боздиди мутақобилаи ҳайатҳои парлумонии давлатҳо далели ин гуфтаҳо мебошад.
«Имрӯз вақти он расидааст, ки ин ҳамкориро густариш диҳем. Мо метавонем дар ҷодаи табодули ҳайатҳои байнипарломунӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадами якдигар дар низоми қонунофарӣ, иттилоотонӣ ҳамкории судманде дошта бошем», — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.
Муҳаммад Боқир Қолибоф низ густариши ҳамкории байнипарлумонии Эронро бо Тоҷикистон аз муҳимтарин мавзуи мулоқоти худ бо Раиси Маҷлиси намояндагон арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мавҷуд будани муштаракоти забонӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ байни ду миллати бародар барои таҳкими ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Дар мулоқот ҳамчунин бар зарурати истифода аз таҷрибаи якдигар дар заминаи таҳия, эҷод ва қабули қарору қонунҳо ва дигар санадҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ таъкид шуд.
Ҷонибҳо аз иштироки фаъоли ҳар ду давлат дар доираи ҳамкории минтақавӣ, бахусус дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва рушди ҳамкории илмию фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамкории парлумонӣ ва иқтисодиро яке аз меҳвари асосии густариши муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд






