МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Интихоби маҳсулоти бенуқсон яке аз шартҳои асосии риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми тайёр кардани консерва мебошад

Июль 10, 2024 16:00

ДУШАНБЕ, 10.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон дар бозорҳои ҷумҳурӣ меваю сабзавот фаровон аст. Ҳар кадбону аз ин имконият истифода бурда, бояд аз меваю сабзавот консерва, мураббо, афшура ва ҳар гуна хӯришҳо омода ва захира намояд. Омода кардани консерва, мураббо, афшура ва хӯришҳо дар шароити хона аз ҳар кадбону риояи қоидаҳои беҳдоштиро талаб мекунад. Тафсилоти бештари АМИТ «Ховар» дар ин мавзуъ пешниҳод мегардад.

Меваҷоту сабзавот маҳсулоти пурарзиши парҳезӣ ба шумор мераванд, ки тамоми фасли сол барои организм зарур мебошанд.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки барои консерва ҳатман маҳсулоти бенуқсонро интихоб карда, аз истифодаи сабзавоти вайроншуда, пӯсида ва дорои иллати дигар худдорӣ бояд намуд.

Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб, дар натиҷаи нодуруст истифода бурдани маҳсулот ё дар шароити хона нокифоя тамиз кунондани зарфу маҳсулот, риоя накардани шароити нигоҳдории онҳо хатари гирифторӣ ба бемории ниҳоят вазнин ва хатарноки ботулизм ва дигар бемориҳои сироятӣ ба миён меояд.

Коркарди маҳсулот дар хона кори мушкил нест, аввалан бояд қоидаҳои гигиениро риоя кард. Барои консерва кардан маҳсулоти тару тоза ва бенуқсонро истифода бурда, онро бо оби тоза шустан лозим аст. Ҳамчунин маконе, ки дар он ҷо консерва карда мешавад, бояд тоза нигоҳ дошта шавад. Занон бояд аз дастпӯш, асбобҳои чангакмонанд истифода баранд, чун дар ҳоли кор метавонад дасти кадбону ба маҳсулоти дигар олуда шавад ва сабаби афтидани микроб гардад.

Дар баъзе ҳолатҳо занон зарфҳои шишагинро дар нури Офтоб хушк мекунанд, ки ин ба захира ва нигоҳдории дуру дароз кафолати пурра дода наметавонад. Зеро як қисми зарфи шишагин дар Офтоб асту ба қисми дигар нури он намерасад. Дар ин ҳолат дар як қисми он зараррасонҳо боқӣ мемонанду ба маҳсулоти дохили зарф таъсир мерасонанд, ки дар натиҷа захира қобилияти нигоҳдории худро гум мекунад. Инчунин зарф ва сарпӯши онро дар муддати 10-15 дақиқа дар буғи оби гарм безарар намудан шарт ва зарур аст.

Намнокӣ барои нигоҳдории консерва, нӯшоба ва мураббо бояд аз 70 фоиз зиёд набошад, зеро сарпӯши зарф оҳанӣ буда, занг заданаш мумкин аст. Он дар натиҷа ба маҳсулоти дохили зарф зарари худро мерасонад, ки ин гуна консерва барои истеъмол тавсия дода намешавад.

Тавре медонем, дар бештари маҳсулоти консервшуда маҳлули сирко (уксус) истифода мешавад. Дар консерваи маҳсулоте, ки кадбонуҳо аз сирко истифода мекунанд, бо диққат бошанд, чун дар ҳолати каму зиёд истифода бурдани он ба системаи узвҳои ҳозима хатари ҷиддӣ ба вуҷуд меояд.

Ба гуфти мутахассисиони соҳаи тиб, агар маҳсулоти асосии мо меваю сабзавот бошад, инчунин зарфҳои нигоҳдорӣ, аз ҷумла банкаҳо ва сарпӯши он асосии бехатарии консерваро таъмин мекунад. Барои ин банкаҳои ягон ҷояш ношикастаро пешакӣ санҷида, гирифтан хеле муҳим аст. Хусусан, бояд дохили банкаҳо ва гарданаки онҳоро хеле бодиққат аз назар гузаронед, ки ҷойи кафидагӣ надошта бошанд. Сарпӯшакҳо бояд наву босифат ва ягон маротиба истифода нашуда бошанд. Асбоби банкамаҳкамкунӣ низ босифат бошад. Банкаҳоро пешакӣ бо оби ҷӯш шуста, ҳатман стерилизатсия намоед. Сарпӯшакҳоро низ пешакӣ ба зарф андохта, сипас аз болояш оби ҷӯшомадаро резед.

Ба ҳар кадбону тавсия дода мешавад, ки банкаҳои маҳкамшударо сарозер, яъне чаппа карда монад. Болои банкаҳоро бо рӯйпӯши пашмӣ ё пахтагӣ пӯшонад. Ин барои он аст, ки банкаҳо оҳиста-оҳиста хунук гарданд ва аз ҳисоби гармӣ хуб стерилизатсия шаванд. Баъди 12-16 соат рӯпӯшҳоро метавонад аз болои банкаҳо гирад ва муддати дигаре гузорад, ки ҳарораташон баробари ба гармии хона, яъне 18-20 дараҷа шавад, сипас онҳоро ба ҷойи салқин монад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки пеш аз он ки консерваро истеъмол намоед, аввал ба намуди он хуб диққат диҳед, то дар он хирашавии моеъ, ҳубобчаҳо ё мағор мавҷуд набошад. Сипас таъми онро хуб чашед, ки дар он маззаи туршӣ ё ягон маззаи бад мавҷуд ҳаст ё не. Агар зарфи консерваро барои истифода кушодед, боқимондаи он бояд дар шароити яхдон нигоҳ дошта шавад. Консерваи кушода набояд аз се рӯз зиёд нигоҳдорӣ шавад. Набояд фаромӯш кард, ки маҳсулоти консервашуда ғизои тозакардашуда аст. Агар он бе яхдон нигоҳдорӣ шавад, бактерияҳои дар таркибаш мавҷуда дар ҳарорати хона афзоиш меёбанд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 10, 2024 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
АСОСНОККУНИИ ИЛМИИ ТАШАККУЛ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол