Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 20.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 19 июл Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат дар мубоҳисаҳои Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид оид ба мавзӯи «Ҳамкории СММ ва созмонҳои минтақавӣ ва зерминтақавӣ бо мақсади ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ: ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.
Намояндаи доимии Тоҷикистон изҳор дошт, ки равобити Созмони Милали Муттаҳид бо Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бояд намунаи ҳамкории муассир байни сохторҳои глобалӣ ва минтақавӣ бошад ва ба ин созмонҳои минтақавӣ имкон диҳад, ки кӯшишҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Шурои Амнияти онро барои нигоҳ доштани сулҳ ва амнияти байналмиллалӣ мукаммал созанд.
Инчунин тазаккур дода шуд, ки таҳдиду чолишҳои амниятӣ зарурати тавсеаи ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои минтақавии мазкуро тақозо намуда, дар ин замина таҳияи абзорҳои ҳамкории нав дар самти мубориза бо терроризм ва гардиши маводи мухаддир низ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки Тоҷикистон минбаъд низ дар рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ саҳм хоҳад гузошт.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид








Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд
Афзалияти ҷашни бостонии тоҷикон–Меҳргон тавассути воситаҳои ахбори оммаи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон бо муовини якуми Президенти Эрон мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио мулоқот намуд
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон ташриф овард






