НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар бахши фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод мутахассисону актёрони касбӣ намерасанд

Июль 31, 2024 15:19

ТОҶИКОБОД, 31.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Амалигардонии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 вазифаи шаҳрвандон, фаъолон ва ҳамаи сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Роҳбарияти ҳар сохтор вобаста ба шакли фаъолият бояд дар асоси ин стратегия бо ҷавонону наврасон вохӯрӣ гузаронида, онҳоро аз амалу ниятҳои бади террористону хоинони миллат ва ифротгароёни динӣ бохабар гардонида, ҷавононро ба хештаншиносию ватандӯстӣ роҳнамоӣ намоянд.

Мутахассисону актёрони бахшу шуъбаҳои фарҳанги мамлакат бояд дар доираи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 саҳнаҳои театрикунонидаи тарбиявӣ таҳия намуда, дар муассисаҳои таълимӣ, хонаҳои фарҳанги ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва чойхонаву марказҳои фарҳанги маҳаллаҳо ба намоиш гузоранд. Тавассути он ҷавононро аз оқибати амалҳои ифротиёну террористон бохабар гардонида, дар замири онҳо руҳияи зиддитеррористиро ҷой намоянд.

Дар нишасти матбуотие, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод доир шуд, хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз масъулини бахши фарҳанги ноҳия оид ба иҷрои Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва таҳияю намоиш додани чанд саҳнаи тарбиявии театрикунонида бар зидди терроризм пурсон шуд.

Муовини Раиси ноҳияи Тоҷикобод Меҳринисо Гадозода дар посух ба ин савол иброз дошт, ки «дар деҳаҳои ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бо иштироки кормандони бахши фарҳанги ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, барномаҳои фарҳангӣ, аз қабили консерт бо иштироки сарояндагон ташкил намудем. Новобаста ба он ки дар бахши фарҳанги ноҳияи мо мутахассисон ва актёрони касбӣ нестанд, мо кӯшиш менамоем, ки чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ва ҷашнҳои миллиро дар сатҳи баланд гузаронем. Вале аз сабаби нарасидани мутахассисони касбӣ имконияти ташкил намудани саҳначаҳои театрикунонидаро надорем».

Муовини Раиси ноҳияи Тоҷикобод зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд, ки иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод барои солҳои 2021-2025 бо қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ гардидааст. Барнома 196 лоиҳаро дар бар гирифта, арзиши умумии он 139 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз 196 лоиҳаи нақшавӣ то ба ҳолати якуми июли имсол 70 лоиҳа ба маблағи 71 миллиону 936 ҳазор сомонӣ амалӣ гардидааст, ки 51,7 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Инчунин 51 лоиҳа ба маблағи 51 миллиону 400 ҳазор сомонӣ мавриди амал қарор доранд. Маблағҳои амалишуда ва дар амал қарордошта дар якҷоягӣ 123 миллиону 336 ҳазор сомонӣ ё 88,7 фоизи иҷрои барномаро дар бар мегиранд. Илова бар ин дар доираи 6 лоиҳаи дигар корҳои омӯзишӣ ҷараён доранд.

Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2024 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст
КУЛОЛГАРӢ. Саразми бостон яке аз нахустин марказҳои кулолгарии Осиёи Марказӣ будааст
Барномаи консертии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» доир мегардад
«ҚАЛАМДОРӢ-МАСЪУЛИЯТИ ВАТАНДОРИСТ». Таҳти ин унвон маҳфили адабии нависанда Садриддин Ҳасанзода доир шуд