ҚОИДАҲОИ ОББОЗИРО МЕДОНЕД? Агар не, ҳаётатонро дар хатар нагузоред!
ДУШАНБЕ, 30.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тобистон талабот ба шиноварӣ дар ҷумҳурӣ зиёд мегардад. Маъмулан соҳили баҳру дарёҳо, обанборҳо, кӯлҳо ва каналҳо пур аз истироҳаткунандагон мешавад. Дар ин мавсими басе гарм ҳамагӣ макони тафреҳу истироҳат меҷӯянд, то аз гармии шадид дур бошанд ва ҳам оббозӣ кунанд. Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад оқибатҳои ногувори ҳаводиси нохушро ҷилавгирӣ намояд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, то 29 июли имсол 118 нафар ғарқ шудаанд, ки 60 нафари онҳо бачаҳо ва наврасони то 17-сола мебошанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирӣ аз оббозӣ дар маконҳои хатарнок ва ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш аз сокинону меҳмонони мамлакат, бахусус волидайни наврасон хоҳиш менамояд, ки дар соҳили обҳо ва ҳангоми шиноварӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, фарзандони хурдсолашонро ҳангоми оббозӣ беназорат нагузоранд.
Зеро баъзе наврасон қоидаҳои асосии оббозиро намедонанд, ки оқибати он ба нохушӣ мебарад.
Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад ғарқшавӣ ва оқибатҳои ногувори онро ҷилавгирӣ намояд. Оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз он ҳатман бояд аз назорати духтур гузашт. Бино ба гуфтаи мутахассисони соҳа, дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 20-23 дараҷа ва ҳарорати об 17-19 дараҷа будан оббозӣ намудан мумкин аст. Вақти хубтар барои шино давоми шабонарӯз соати 08:00-10:00-и саҳар ва 17:00-19:00-и бегоҳ мебошад.
Оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси марг гардад.
Шиновари хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.
Дар ҳоли ғазаб ва асабоният набояд оббозӣ кард.
Ба об оҳиста дохил шавед, дар ҳолате, ки об то миён расид, истед ва зуд ғӯта занед. Агар ба қувваи худ боварӣ надошта бошед, танҳо шиноварӣ накунед.
Дар дарёчаҳо, кӯлҳо ва наҳрҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёи қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан, азҳушравӣ ва фавт шуда метавонанд.
Ба қаиқҳо, заврақҳо ва киштиҳои бузург наздик шудан мумкин нест.
Ҳангоми шиноварӣ бо шӯхиву бозӣ аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад.
Аз ҳудуди барои оббозӣ муқарраршуда берун баромадан низ мумкин нест.
Ба шахсоне, ки малакаи шиноварӣ надоранд, танҳо дар ҷойҳои махсус муқарраршуда ва ҷиҳозонида оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.
Дар соҳилҳои фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳои умумӣ дар назди об ҳатман бояд хоначаҳо барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба ҷароҳатбардоштагон ва навбатдории доимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва маводи доруворӣ ташкил карда шавад. Дар ин гуна ҷойҳо бояд лавҳаҳои омӯзишӣ ва огоҳкунанда аз ҳолатҳои ногувор дар об дар ҷойҳои дидашаванда насб карда шаванд.
Масъулияти ташкили шароити зарурии мувофиқ ба талаботи муқарраргардида ба зиммаи соҳибмулкон ва роҳбарони соҳилҳои фароғатӣ ва муассисаҳои истироҳатии дорои объектҳои шиноварӣ гузошта мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






