Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Амина Муҳаммад мулоқот намуд

Июль 13, 2024 10:48

ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид (СММ), дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024)  мулоқоти  муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Дабири кулли СММ хонум Амина Муҳаммад баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба  тағйирёбии иқлим, обшавии босуръати пиряхҳо ва таъсири манфии он ба муҳити зист, инчунин боло бурдани иқтидори тавлиди «энергияи сабз» мавриди муҳокима қарор гирифт.

Ҳамчунин тарафҳо доир ба Ҳадафҳои рушди устувор, аҳаммияти татбиқи «Эъломияи Душанбе» аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси сеюми сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 табодули афкор намуданд.

Дар баробари ин ҷиҳати истифодаи иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон ва манфиати он ба минтақаи Осиёи Марказӣ низ маълумоти муфассал манзур карда шуд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июль 13, 2024 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард