ҶОМИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон омодагиҳоро ба ин мусобиқот оғоз кард
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябри соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор мешавад, оғоз намуд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ фаро гирифта мешавад, ки он то 17 июл идома меёбад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон баъди ҷамъомад барои иштирок дар мусобиқа бо ширкати дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Беларус ва Гватемала ба Бухоро сафар мекунад.
Қобили тазаккур аст, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои мунтахаби яккачини Марокаш 16 сентябр, Португалия 19 сентябр ва Панама 22 сентябр рақобат менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар








Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд






