ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот ба медалҳои тилло сарфароз гардиданд

Июль 8, 2024 17:39

ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони ҷавони тоҷик Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 килограмм дар Ҷоми Осиё байни ҷавонон оид ба намуди гӯштини ҷудо, ки чанде пеш дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, сазовори медали тилло гардид. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ Меҳрони Қурбон «Ховар» хабар дод.

Ҳамчунин варзишгари навраси тоҷик Лоиқ Қутбуддинов дар вазни то 60 кило байни наврасон ба гирифтани медали тилло сазовор гардид.

Қобили тазаккур аст, ки ба ифтихори ин паҳлавонони шинохтаи тоҷик — Муҳиддин Асадуллоев ва Лоиқ Қутбуддинов Парчами давлатии Тоҷикистон боло бардошта шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 8, 2024 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад