Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд

Июль 13, 2024 09:54

ДУШАНБЕ, 13.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҳайати парлумонии мамлакат таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати раиси Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко баргузор шуда, дар он роҳбарони парлумонҳои Озарбойҷон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон низ иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи ҷаласа 18 масъала, аз ҷумла изҳорот дар бораи авзоъ дар навори Ғазза ва Низомнома дар бораи мақоми нозир дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷаласа  ҳамчунин масъалаи иштироки нозирони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мушоҳидаи интихоботи пешазмуҳлати президентӣ дар Озарбойҷон, интихоботи парлумонӣ дар Беларус ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон дар бораи омодагии нозирони байналмилалӣ аз  Ассамблея ба интихоботи палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон ва Миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон гузориш дода шуд.

Аъзои Шуро дар идома номзадро барои дарёфти Ҷоизаи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба номи Чингиз Айтматов дар соли 2024 баррасӣ намуданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин санади муҳим – Низомнома дар бораи мақоми нозир дар Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул гардид. Масъалаҳои фаъолияти комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва омодагӣ  ба ҷашни 80-солагии Ғалаба низ муҳокима карда шуд.

Дар интиҳои ҷаласа фаъолияти Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2023 натиҷагирӣ гардид.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 13, 2024 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд