Шакли муосири шарикӣ: густариши муносибатҳои Тоҷикистону Чин

Июль 2, 2024 14:30

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони тағйирёбии раванди геополитикӣ, шарикии Тоҷикистону Чин намунаи хуби ҳамкории мутақобилан судманд ба ҳисоб меравад.

Ин ду давлат муносибатҳое доранд, ки фарогири манфиатҳои дуҷониба буда, намунаи он аст, ки чӣ гуна мамлакатҳои дорои таърих, фарҳанг ва системаҳои сиёсии мухталиф метавонанд якҷоя ба манфиати якдигар ҳамкорӣ намоянд.

Ягонагӣ дар гуногунрангӣ

Тоҷикистон ва Чин — ду тамаддуни қадима дар ҷаҳон. Тоҷикон яке аз қадимтарин халқиятҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд, ки таърихи ҳазорсолаҳо доранд ва миллати ташаккулёфта мебошанд, гарчанде ки пайдоиши онро ба давраи неолит, ки аз ҳазораи VII пеш аз мелод оғоз ёфтааст, вобаста медонанд. Дар навбати худ, Чин таърихи 5 ҳазорсола дошта, дар ҷаҳон дувумин давлати дорои иқтисоди бузург маҳсуб мешавад.

Соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти худро ба даст овард ва Чин чун мамлакати дӯсту ҳамсоя яке аз аввалинҳо шуда соҳибистиқлолии мамлакатамонро эътироф намуд.

Асоси рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду мамлакатро муносибатҳои неки дӯстӣ ва ҳамсоягӣ, инчунин иқтидори ғании захираҳои табиӣ ташкил медиҳанд.

Муносибатҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Чин дар давоми се даҳсоли охир ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Ҳиссаи савдои мутақобилаи Тоҷикистону Чин дар ҳаҷми умумии гардиши молии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-марти соли 2024 19,9 фоизро ташкил дода, дар ҷои 3-юм қарор гирифт. Ҳамзамон дар ин давра ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 73,3 миллион доллар молу маҳсулот содир шудааст. Воридот бошад 347,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 104,9 миллион доллар ё 43,2% зиёд мебошад.

Наметавон аз ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ», ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пешниҳод гардид ёдовар нашуд, ки Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, аз ин иқдом ҷонибдорӣ намуда, иштирокчии фаъоли он мебошад.

Пешбурди ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» ба ҳамкории ду давлат неруи бузург ва ҳаётӣ бахшид. Тули 11 соли охир Тоҷикистон ва Чин дар бунёди ташаббуси муштараки «Як камарбанд, як роҳ» ба натиҷаҳои дилхоҳ ва назаррас ноил гардиданд.

Байни тарҳҳои муҳим метавон бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқро номбар намуд. Илова ба инфрасохтор, иштироки Чин дар бахшҳое чун маориф ва фарҳанг низ назаррас аст. Дар донишгоҳҳои олии Точикистон устохонаҳои Лу Бан амал мекунад, ки ба донишҷӯён барои азхудкунии малакаҳои техникӣ кумак мерасонад.

Ба ғайр аз ин, таъсиси маркази Конфутсий дар муассисаҳои олии мамлакат ба омӯзиши забони чинӣ ва шиносоӣ бо фарҳанг, устувории муносибатҳои ду миллат мусоидат намуд.

Сатҳи баланди шарикии боэътимоди дуҷониба

Тоҷикистон ва Чин дар масоили вобаста ба манфиатҳои дуҷониба пайваста аз ҳамдигар пуштибонӣ карда, сатҳи баланди шарикии боэътимоди мутақобиларо нишон медиҳанд.

Амнияти ва суботи минтақавӣ яке аз ҳадафҳи асосии муштаракест, ки ба ҳамкории ҳамаҷонибаи мамлакатҳо мусоидат мекунад.

Дар тӯли солҳои охир ду давлат ҳамкориро дар бахшҳо, аз қабили назорати сарҳадӣ ва мубориза бо терроризм амиқтар идома дода, амалҳои худро дар доираи механизмҳои бисёрҷониба ба монанди Созмони ҳамкории Шанхай ва Саммити «Чин ва Осиёи Марказӣ» ба таври ҳамоҳангии зич амалӣ намуда, дар самти таъмини амнияти минтақавӣ саҳми муштарак мегузоранд.

Дар форумҳои байналмилалии зиёде, ба мисли СММ, СҲШ, МҲТБО дар доираи «С5+1», ҳарду ҷумҳурӣ ҳамкориро дар самти амният амиқтар намуда, амнияту суботи минтақаро муштаракан таъмин менамоянд.

Дӯстӣ дар лаҳзаҳои душвор санҷида мешавад

Тоҷикистон ва Чин ҳангоми мубориза бо эпидемияи коронавирус ба ҳамдигар кумаки бузург расониданд. Дар аввалҳои моҳи феврали соли 2020 вақте Чин бо COVID-19 муқовимат мекард, Ҳукумати Тоҷикистон дасти кумак дароз намуда, 400000 ниқобҳои тиббӣ ба Ухан равон намуд. Тоҷикистон инчунин омода буд меваҳои тару тоза ва оби ошомидании худро дар ҳолати зарурӣ бифиристад.

Дар навбати худ, вақте Тоҷикистон бо мушкилоти ҷиддии эпидемиявӣ ва норасоии лавозимоти тиббӣ рӯ ба рӯ шуд, Чин ба зудӣ тавассути расонидани лавозимоти тиббӣ ва бо роҳи табодули таҷрибаҳои пешгирии эпидемия тавассути конференсияи видеоӣ кумаки муҳим расонд.

Чин инчунин ба суръат бахшидан ва эҳёи тарҳҳои бузурге чун сохтмони биноҳои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон комилан мусоидат кардааст.

Тӯли 31 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни ду ҷумҳурӣ равобити онҳо ба таври мусбат ва устувор инкишоф ёфта, дар соҳаҳои гуногун ба натиҷаҳои судманд ноил гардиданд. Кӯшишҳои ду ҷониб ба таҳкими минбаъдаи ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувор ва шукуфоии минтақа нигаронида шудааст. Ин муносибат намунаи ҳамкории бомуваффақият дар асоси эҳтиром ва манфиати мутақобила мебошад, ки махсусан дар баробари таҳдидҳо ва тағйироти ҷаҳонӣ муҳим аст ва ҳамчун намунаи барҷастаи бунёди ҷомеаи муштараки башарият хизмат мекунад.

Ҷумҳурии Мардумии Чин бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон ва шарики асосии тиҷоратӣ мебошад.

Дар заминаи равобит мамлакатҳо як қатор лоиҳаҳои азими ҳамкориро амалӣ намуда, дар татбиқи чаҳор ҳадафи стратегии давлатии Тоҷикистон: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноаткунонии босуръати мамлакат саҳми муҳим доранд.

Намунаи чунин ҳамкории муваффақ МБГ-и рақами 2-и Душанбе, ки сармоягузор ва бунёдкори он ТВЕА, Парки саноатии кишоварзии бофандагии «Ҷунтай» ва корхонаи муштараки «Хуасинг Ғаюр Семент» мебошанд.

Илова бар ин, кумакҳои бебозгашти ҳукумати Чин дар биноҳои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, ҳамчунин қитъаҳои шоҳроҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ – Рӯшон равона шуда, сохта мешаванд.

Сафари дарпешистодаи давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибатҳои ду мамлакат такони нав хоҳад бахшид.

Лайло ТОИРӢ (АМИТ «Ховар»,
Ван Сини и Чжан Нини (CGTN),
АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 2, 2024 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

AJP TOUR TAJIKISTAN. Дар Душанбе нахустин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши ҷиу-ҷитсу баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Назари номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар ин мавзуъ
Дар Суғд вобаста ба нақши занон дар татбиқи барномаҳои давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Корҳои бартарафсозии оқибати сел дар Нуробод ва Варзоб идома доранд»
ОГОҲИИ АГЕНТИИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Аз 1 то 3 июл дар Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ бештар мешавад
Ҳайати парлумонии Арабистони Саудӣ «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо кард
Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо сокинони ноҳияи Ванҷ дар масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон вохӯрӣ доир намуд
Тобистонро дар Интернет бо манфиат гузаронед
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид: «Ба замине, ки ба шарофати он зиндагӣ мекунем, мисли ваҳшӣ муносибат дорем»
Яке аз дуюмин сабаби ба марг дучор омадани инсоният ифлос шудани ҳаво мебошад