Шартнома оид ба сохтмони беморхонаи нави мубориза бар зидди бемориҳои сил дар Кӯлоб ба маблағи 11 миллион евро ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 июл дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо «Шартнома оид ба пешниҳоди грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Олмонии Рушд (KfW)» ба маблағи 11 миллион евро барои сохтмони беморхонаи нави зидди бемории сил дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Созишнома аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва Роҳбари намояндагии минтақавии Бонки Олмонии Рушд дар Осиёи Марказӣ Андреас Шнайдер ба имзо расид.
Гуфта шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷалби маблағҳои грантӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамчун ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Германия корбарӣ дорад.
Дар доираи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон оид ба ҳамкории молиявӣ (2020) маблағи мазкур барои маблағгузории лоиҳаи нави «Барномаи мубориза бо бемории сил дар Тоҷикистон марҳилаи VI» ҷудо гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки шартномаи мазкур дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2017-2019, ки аллакай расмиёти дохилидавлатиро гузаштааст, ҳамчун шартномаи маблағгузории иловагӣ ба имзо расид.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






