Си Ҷинпин дар бораи равобити Чин ва Тоҷикистон: «Мо дӯстони содиқ будему ҳастем ва дар лаҳзаҳои мушкил ба якдигар кумак мерасонем»

Июль 5, 2024 09:18

ДУШАНБЕ, 05.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Мо дӯстони содиқ будему ҳастем ва дар лаҳзаҳои мушкил ба якдигар кумак мерасонем. Дар давраи пандемияи «COVID-19» мо паҳлӯи ҳам истода, ба вируси даҳшатнок муқовимат намудем ва якҷо ин мушкилиро паси сар кардем. Пешниҳоди тарафайни молҳои зиддиэпидемӣ, ба Тоҷикистон омадани гурӯҳи табибон ва мутахассисони Чин барои расонидани кумак дар мубориза бо пандемия, имконият доданд, ки пеши роҳи коронавирус гирифта шавад», — чунин  иброз доштааст дар мақолаи худ Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин.

Ӯ тазаккур дод, ки ба шарофати гуфтугӯи фаврӣ ва ҳалли мушкилоти пешомада кори мунтазами гузаргоҳи Қаросу-Кулма таъмин гардид ва чун шоҳраги пайвасткунандаи Чин ва Тоҷикистон дар шароити пандемия якзайл фаъол буд.

«Мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамкории зич ва ҳамдигарфаҳмӣ дорем, ташаббусҳои якдигарро фаъолона дастгирӣ мекунем, низоми марказии байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳид ва тартиботи ҷаҳонии ба ҳуқуқи байналмилалӣ асосёфта ва меъёрҳои муносибатҳои байналмилалиро дар асоси талаботи Низомномаи Созмони Милали Муттаҳид  қатъиян дастгирӣ менамоем», — изҳор намуд Си Ҷинпин.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Екатеринбург бахшида ба санаҳои муҳими давлатӣ ва таърихии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд