СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Назари номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар ин мавзуъ

Июль 2, 2024 10:35

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Таърихи инсоният собит намудааст, ки дар ҳар як давраи муайяни рушди давлатдорӣ ва гузариш аз як сохти давлатӣ ба сохти дигари давлатӣ ҷомеа ногузир ба мушкилоту буҳронҳои муайяни сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ рӯ ба рӯ мегардад ва зарурати ба талаботи замони нав мувофиқ намудани фаҳмиш ва диду назари шаҳрвандон ба вуҷуд меояд. Сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бошад, яке аз омилҳои асосии ҳалли ин мушкилот ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, бар асари ноустувории ҳаёти сиёсии солҳои аввали истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, ки ин омил бевосита ба коҳиш ёфтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомеа гардид. Аз ин рӯ, барои рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар он сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши асосиро иҷро мекунад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас ва чорабиниҳои маҷмӯӣ андешида шуд.

Бо дарки ин воқеият Пешвои миллат аз рӯзҳои аввали роҳбариашон оид ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Ҳануз 9 апрели соли 1997 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷyмҳypии Тоҷикистон» қабул шуда, заминаи асосии ҳуқуқӣ барои минбаъд қабули барномаҳои омӯзиш ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва сиёсати ҳуқуқӣ дар ин самт гардид. Фармон бо мақсади тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқии аҳолӣ, таъмини дастрасии санадҳои ҳуқуқӣ барои тамоми шаҳрвандон ва ташкилотҳо, мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии фаъолият ва интизоми онҳо, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо қабул гардид.

Дар замина ва барои иҷрои фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997 қабул гардид. Тибқи ин қарор вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо ва корхонаҳои ҷумҳурӣ муваззаф гардиданд, ки дар сохторҳои худ бахшҳои ҳуқуқро таъсис дода, байни коллективи меҳнатӣ ва ҷомеа тарғибу ташвиқи қонунгузориро бо ҷалби ҳуқуқшиносон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монанд, то ки сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта шуда, пеши роҳи қонунвайронкуниҳо гирифта шавад. (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ» аз 22 августи соли 1997, №383).  Ҳамзамон бо қарори мазкур Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Барномаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ ва ғайра равона шудааст.

Гузашта аз ин, Пешвои миллат дар ҳар суханронию вохӯриҳояшон ба масъалаи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани дониш ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин масъала яке аз мавзуъҳои асосӣ ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар Паёми соли 2001 масъалаи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеа арзёбӣ гардид. Пешвои миллат изҳори нигаронӣ карданд, ки то ҳанӯз сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии мардум паст мебошад ва сабаби асосии он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани ташвиқоти қонуну қарорҳои қабулшуда маҳсуб мешавад. (https://president.tj/node/15126 (Санаи муроҷиат: 20.05.2024). Бояд гуфт, ки нигаронии Роҳбари давлат аз он иборат буд, ки содиршавии ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандон ва роҳбарони идораю корхонаҳо дар ҷумҳурӣ зиёд гардидааст. Сабабу омилҳои асосии ҳолати мазкур пеш аз ҳама дар мавҷуд набудани тарғибу ташвиқи қонуну қарорҳои қабулшуда байни аҳолӣ, надонистани талаботи қонун ва оқибатҳои он ба шумор мерафт.

Зимнан, Пешвои миллат иброз намуданд, ки «Конститутсия ва қонунҳое, ки давоми чанд соли охир қабул шудаанд, асоси тозаи низоми ҳуқуқиро гузоштанд, ки аз нигоҳи моҳияту мазмунашон дар муқоиса бо қонунҳои давраи гузашта комилан нав ҳастанд. Дарку фарогирии ин падидаҳои ҳуқуқӣ ва идомаи ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ ҳам аз шаҳрвандон ва ҳам аз мақомоти давлатию ғайридавлатӣ тақозо менамояд, ки муносибати худро дар ин самт ба куллӣ тағйир диҳанд». (https://president.tj/node/15126 (Санаи муроҷиат: 20.05.2024). Ҳамин тавр, мувофиқи ин Паём парламент, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат вазифадор гардиданд, ки барои тарғибу ташвиқи  дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолии мамлакат тадбирҳои заруриро андешанд ва фаъолона саҳм гузоранд.

Барои ноил шудан ба мақсад ё расидан ба ҳадафи муайян фаъолияти дастаҷамъона лозим аст. Чунин мақсад ё ҳадафҳои муҳимро як нафар, як гурӯҳи одамон ё як ниҳод дар алоҳидагӣ наметавонад амалӣ намояд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ яке аз чунин ҳадафҳои давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад, ки фаъолияти дастаҷамъонаро тақозо менамояд. Роҷеъ ба ин масъала, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 чунин пешбинӣ шудааст: «Дигар масъалае, ки ҳамчунин кӯшиши якҷояи ҳамаи рукнҳои ҳокимият, аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои иттилооти омма, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти умумӣ, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеаро талаб менамояд, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва зина ба зина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум ва пеш аз ҳама, ҷавонон аст». Дарвоқеъ, тарғибу ташвиқ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва донишу тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан маърифати ҳуқуқии   ҷавонони мамлакат кори дастаҷамъонаи ҳамаи ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Яке аз роҳҳои ташаккул ва инкишофи давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дар баробари дигар омилҳои таъсиррасон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба шумор меравад. Дар Паёми соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зиёд дорад». Дар воқеъ асоси рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ ташкил медиҳад. Зеро, маърифати баланди ҳуқуқии аҳолӣ боис мегардад, ки низому тартибот дар ҷомеа таъмин гардида, принсипи қонуният ва таъмини баробарии шаҳрвандон амалӣ карда шавад. Чунки риояи Конститутсия, қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон аз маърифати ҳуқуқӣ сарчашма мегиранд. Маҳз, маърифати баланди ҳуқуқӣ боиси пешгирии ҳама гуна падидаҳои номатлуб ва низоҳои иҷтимоӣ, динӣ, маҳаллӣ ва миллӣ дар ҷамъият гардида, мавқеи арзишҳое ба монандӣ инсондӯстӣ, таҳамулпазирӣ, адолат, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ғайра баланд мегардад.

Инчунин дар идомаи суханрониашон дар Паёми соли 2008 Президенти мамлакат иброз намуданд: «Барои беҳтар ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ зарурати таҳияву қабул кардани барномаи нави дарозмуддати мукаммал ва ба таври самарабахш татбиқ намудани он ба миён омадааст. Дар амалӣ намудани чунин барнома ва дигар ҳуҷҷатҳои то ба ҳол қабулшуда бояд ҳамаи рукнҳои ҳокимият, инчунин аҳзоби сиёсиву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва таҳсилоти умумӣ, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа ҳаматарафа ҷалб карда шаванд». Роҳбари давлат барои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ ба вазорату идораҳои дахлдор таҳия намудани барномаи дарозмуддату самарабахшро дастур доданд.

Сипас, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ карда шуд. Мақсади барнома аз баланд бардоштани сатҳи маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ, риоя ва эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд ва ғайра иборат аст. (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» №253). Тадбирҳои андешидашуда маҳз барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва аҳолӣ, воқиф гардидани аҳолӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии онҳо равона шудааст.

Сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тавассути барномаҳои дигар низ, аз ҷумла «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020», ки бо қарори Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикстон аз 3 декабри соли 2012 қабул гардидааст, амалӣ карда мешавад. Мақсади асосии Барномаи мазкур низ, аз баланд бардоштани маданияти ҳуқуқи инсон, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҷорӣ намудани омӯзиши фанни ҳуқуқи инсон дар низоми маориф, барномаҳои таълимии судяҳо ва низоми хизмати давлатӣ ва ғайра иборат мебошад.

Дар Паёми соли 2016 бошад, Президенти ҷумҳурӣ оид ба масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, омӯзиши ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»ро таъкид намуданд ва онҳо дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ворид гардиданд.

Воқеан ҳам, ин ташаббуси Пешвои миллат дар раванди ҷаҳонишавии фарҳангҳо, ки ба сатҳи маънавиёт, тарбия ва ташаккули  ҷавонону наврасон, замина мегардад, зарурӣ ва саривақтӣ буд. Зеро солҳои охир шомилшавии баъзе аз наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ  ба назар мерасад, ки албатта боиси ташвишу нигаронист. Дар шароити кунунӣ шомилшавии баъзе ҷавонон ба ин падидаҳои номатлуб, аслан тавассути шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ расонида мешавад, чунки аксарияти истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавонон мебошанд, ки ин ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакатҳо таъсири ногувори худро мерасонад. Сабаби ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо шомил шудани онҳо пеш аз ҳама надоштани саводи кофии дунявию динӣ ва дар сатҳи пасти тарбия, хусусан тарбияву маърифати ҳуқуқӣ қарор доштани ҷавонон мебошад.

Аз ин рӯ, омӯзиши Конститутсия ва қонунҳои болозикр ба ҷавонону наврасон имкон медиҳад, ки маълумоти зарурӣ дар бораи Конститутсия, дар бораи ҷашну маросим, ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту таассуб,  таълиму тарбия онҳо дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангиро пайдо намоянд.

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб шуда, айни замон сиёсати давлатӣ дар соҳаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон мубрам арзёбӣ мегардад. Дар Паёми соли 2018 пешбинӣ шудааст, ки «баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад». Воқеан ҳам, бунёд ва ташаккули давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандиро бидуни маърифати ҳуқуқӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Чунки давлати ҳуқуқбунёд аз арзишҳои бунёдӣ ва принсипҳои ҷомеа, ба монанди волоияти қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳифзи манфиатҳои инсон ва шаҳрванд ҷудонопазир буда, амалишавии ин арзишҳо аз сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобастагӣ дорад.

Маҳз ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадаф дар ҳамин Паём қабули «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон» масъалагузорӣ гардид ва дар натиҷа бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» тасдиқ карда шуд. Қабули барномаи мазкур бо назардошти пешрафти ҷомеа ва рушди илму техникаи муосир бениҳоят зарур арзёбӣ карда мешавад.

Дар барнома таҳлили вазъи кунунӣ, мақсад, вазифа ва принсипҳо, низоми таълиму тарбияи ҳуқуқӣ, мақомоти ҳамоҳангсоз ва татбиқкунандаи барнома, ҳавасмандгардонӣ дар соҳаи таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, сарчашмаи маблағгузорӣ, интизорӣ аз натиҷаҳо пешбинӣ гардидааст.

Ғайр аз ин, татбиқи барнома амалишавӣ ва риояи ҳуқуқи инсонро таъмин намуда, ба эҳтироми қонун ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат карда, ба таҳкими ҳамкории ҳамаҷонибаи байнисоҳавӣ, рушди шарикӣ байни мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва тиҷоратӣ, инчунин ба роҳ мондани арзишҳои фарҳанги ҳуқуқиро дар сатҳи маҳаллӣ ва миллӣ тарғиб менамояд.

Дар Паём аз 28 декабри соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024-ро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карданд. Ин ташаббуси Пешвои миллат ба таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд шудааст. Дар ин хусус, дар ҳамин Паём Президенти ҷумҳурӣ чунин иброз намуданд: «Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад». (Рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 28-уми  декабри соли 2023).

Ҳамин тариқ, имрӯз масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба яке аз масъалаҳои мубрам ва асосии ҷомеа табдил ёфтааст. Ҷиҳати ҳалли ин мушкилот шаҳрвандонро зарур аст, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба самти кору фаъолияти онҳо дахлдошта, хусусан аз меъёрҳои Конститутсия, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим, дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак огаҳӣ дошта бошанд. Донистани Конститутсия ва қонунгузории болозикр танҳо вазифаи ҳуқуқшиносон нест. Онҳо бояд китоби рӯимизии ҳар як сокини Тоҷикистон бошанд. Корманди мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар бораи Конститутсия маълумот дошта бошанд, меъёрҳои онро донанд, муҳимтарин масъалаҳои дар Конститутсия пешбинишударо аз бар намуда, аз тартиби гузарондани ҷашну маросим огоҳӣ дошта, арзишҳои асили фарҳанги миллиро ҳифз намуда, хурофоту таассубро пешгирӣ карда, фарзандонро дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ таълиму тарбия диҳанд. Маҳз ҳангоми доштани маълумот дар бораи Конститутсия, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим, дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мансуб ба самти кору фаъолияти хеш маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон боз ҳам боло бардошта мешавад. Дар натиҷаи боло рафтани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, волоияти Конститутсия ва қонунгузорӣ дар ҷомеа таъмин мегардад.

Исфандиёр САИДЗОДА,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

АКС аз бойгонӣ

Июль 2, 2024 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми Осиёи Марказӣ «Tech Jam 2024» баргузор шуд
Дар ноҳияи Мурғоб неругоҳи барқи офтобӣ сохта мешавад
«АДОИ ХИЗМАТ ДАР САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ-РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ!». Таҳти ин унвон ҳамоиши ҷавонон баргузор гардид
ТАҲТИ ҲАМИН ПАРЧАМ БА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ РАСИДЕМ. Дар Кумитаи забон ва истилоҳот ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Роҳи оҳани Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши идона доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд
Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Беморхонаи марказии ноҳияи Муъминобод навсозӣ мегардад