Соли равон дар вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 23.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 25 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, аз 25 иншооти варзишӣ 7-тои он толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ, 1 маҷмааи варзишӣ ва 16 майдончаи варзишӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар вилоят 2 ҳазору 905 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст. Аз ин 49 варзишгоҳ, 2008 майдончаи варзишӣ, 640 толори варзишӣ, 40 ҳавзи шиноварӣ, 8 маҷмааи варзишӣ ва 160 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ мебошанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2026. Наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи 1/16-ниҳоӣ бо тими Италия рақобат мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад






