ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 июл, чоршанбе, 206-умин рӯзи соли 2024 аст

Июль 24, 2024 08:00

24 июли соли 2010 дар шаҳри Душанбе байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии рушд  Созишнома дар бораи ҷудо намудани қарзи молиявӣ аз ҳисоби фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди Авруосиё бо маблағи 70 миллион доллари америкоӣ ба имзо расид.

***

 24 июли соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар мавзуи «Об, беҳдошт ва тозагӣ» конфронс баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе масоили гуногуни ҳамкории иқтисодӣ ва рушди гардиши мол байни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид.

***

24 июли соли 2019 дар Москва ҷаласаи Комиссияи иқтисодии назди Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Борис Ҷонсон барқияи табрикӣ ирсол намуданд.

***

24 июл соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

***

24 июли соли 2023 хонандагони тоҷик дар даври ниҳоии Олимпиадаи 3-юми байналмилалии STEM, ки аз 18 то 23 июл дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса доир шуд, 9 медали тилло, 8 нуқра ва 12 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

24 ИЮЛ:

Дар Вануата – Рӯзи кӯдакон.

***

Дар Русия- Рӯзи муҳандиси кадастрӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҷамолиддин Каримзода – соли 1944,  шоири тоҷик

Июль 24, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш