ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар майдони 4 ҳазор гектар кишти такрорӣ мегузаронанд

Июль 3, 2024 17:42

ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кишоварзон мақсад гузоштаанд, ки соли равон дар майдони 4 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар кишту парвариш ва истеҳсоли помидор дар вилояту ҷумҳурӣ пешқадам ба ҳисоб рафта, саҳми хоҷагидорон дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва фаровонии бозори истеъмолӣ басо назаррас аст.

Ҷамоат дорои 1128 гектар замини корами обӣ буда, аз он дар майдони беш аз 500 гектар помидор кишт карда мешавад. Деҳқонон аз моҳи январ кишти помидорро дар гармхона оғоз намуда, аз моҳи март кӯчати онро дар замин мешинонанд ва аз 20 май ҳосили он ба фурӯш бароварда мешавад.

Ҳамарӯза то 100 тонна помидор ба тамоми шаҳру навоҳии вилоят, пойтахти ҷумҳурӣ, минтақаи вилояти Хатлон ва корхонаҳои консервабарорӣ интиқол дода мешавад.

Деҳқонон дар баробари кишту парвариши помидор байни қаторҳо, бо мақсади ҳифзи растании помидор аз гармо ҷуворимакка кишт намуда, дар кишти такрорӣ кӯчати карамро мешинонанд ва байни он турбу шалғам низ парвариш менамоянд.

Хоҷагии деҳқонии ба номи Зоидбой Каримов бошад дорои 86 гектар замин буда, дар майдони 64 гектар пунбадона кишт намудааст. Чигити хоҷагӣ ҳанӯз моҳи апрел ба замин партофта шуда, нашъунамои он аз тарафи олимони соҳа хуб арзёбӣ карда мешавад. Роҳбарият ва аъзои хоҷагӣ дар кишту парвариш ва истеҳсоли пахта таҷрибаи бой дошта, бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва коркарду озуқадиҳии саривақтӣ ба гирифтани ҳосили дилхоҳ шарафёб хоҳанд гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иброз дошт, ки таҷрибаи деҳқонони ҷамоат бояд дар дигар минтақаҳо низ истифода бурда шавад. Зеро деҳқонони ҷамоати мазкур заминро самаранок истифода бурда, дар як сол то чор ҳосил ҷамъоварӣ мекунанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 3, 2024 17:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд