ТАВАҶҶУҲ! Ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт тариқи кӯчаи Қаҳҳоров дар Душанбе муваққатан манъ гардид

Июль 16, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 16.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 13 июл то 25 августи соли равон дар шаҳри Душанбе тариқи кӯчаи А.Қаҳҳоров ҳаракати ҳама гуна воситаи нақлиёт муваққатан манъ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши кӯчаи А.Қаҳҳоров бо хиёбони Саъдии Шерозӣ то комбинати гӯшт (мясокомбинат) то моҳи август манъ гардида, ба ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ тағйирот ворид гардид.

Кӯчаи А.Қаҳҳоров  дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе таъмиру навсозӣ карда мешавад. Айни замон дар қитъаи роҳ корҳои таъмирӣ, барқарорсозӣ ва ивазу пайвасти қубурҳои оби ошомиданӣ ва хатҳои интиқоли неруи барқ ҷараён дорад.

Ҳадаф аз таъмири роҳҳо дар пойтахт ин васеъ кардани роҳ, сохтмони обпартоҳо, бехатарии ҳаракати нақлиёту пиёдагардон, насбу ивази чароғҳои роҳнамо, аломатҳо, сохтмони истгоҳҳо, нишонгузории амудӣ, уфуқӣ ва дигар воситаҳои муҳофизатӣ  мебошад.

Тавре қаблан ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» иттилоъ доданд, тибқи нақша, давоми солҳои оянда дар шаҳри Душанбе сохтмони 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар назар дошта шуда, онҳо дар буриши кӯчаи А.Қаҳҳоров – Даврӣ- Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо Шерализода сохта, ба истифода дода мешаванд.

Бунёди роҳҳои дусатҳа ба бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат менамояд.

Дар оянда бунёди пули мошингарди болои дарёи Душанбе аз кӯчаи Даврӣ-Ҷанубӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров бо дарозии умумии пул бо гардишҳои нақлиётии 2,57 км, масоҳати умумии 733 ҳазору 22 м2 дар назар аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 16, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид