ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар рӯзҳои гарми тобистон саломатии худ ва наздиконро эҳтиёт намоед
ДУШАНБЕ, 09.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии мамлакат, моҳи июли соли равон дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баландтар пешгӯӣ шуда, аксар рӯзҳо дар ноҳияҳои ҷануби мамлакат то 44 дараҷа гарм мешавад. Чӣ тавр саломатии худро аз шуълаи сӯзони офтоб ва гармии тоқатфарсои фасли тобистон эҳтиёт кунем?
Дар ин мавзуъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо табиби кӯдакона, мудири шуъбаи амбулаторияи №1-и назди Маркази саломатии шаҳрии №2-и пойтахт Маҳбуба Азизова суҳбат намуд. Номбурда дар суҳбат чунин тавсияҳоро пешниҳод намуд:
-Саломатии инсон то андозае аз обу ҳаво вобастагӣ дорад, ки дар ҳолати аз ҳад зиёд гарм шудани ҳаво ва чангу ғубор метавонад боиси бемориҳои мавсимӣ, аз қабили дилу рагҳо, диққи нафас, диабети қанд, фишорбаландӣ, дар ҳолати истеъмоли маҳсулоти хунук гирифторӣ ба бемории илтиҳобу шуш ва дигар маризиҳо гардад. Нафароне, ки дар ин гуна ҳаво аз бемориҳои мазкур ранҷ мекашанд, бояд ба сиҳатии худ зиёдтар аҳамият дода, аз рӯйи маслиҳати табибон амал намоянд.
Дар фасли тобистон кӯдакон зиёд ба бемориҳои дарунравӣ гирифтор мешаванд. Агарчӣ яке аз сабабҳои ба чунин беморӣ гирифтор шудани кӯдакон ин риоя нагардидани қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенӣ бошад, аз тарафи дигар ин зиёд об нӯшидан ва истеъмоли меваю сабзавоти ношуста аз ҷониби кӯдакон мебошад.
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо аксари кӯдакон ба бемории кабудсулфа гирифтор шуда истодаанд, ки яке аз сабабҳои он ин сари вақт нагузаронидани воя ба зидди ин беморӣ мебошад. Аз ин рӯ аз падару модарон хоҳиш карда мешавад, ки сари вақт фарзандони худро аз вояҳое, ки бар зидди ҳар гуна бемориҳо равона шудааст, гузаронанд. Дар баробари ин тавсия медиҳем, ки ба кӯдакон тез-тез оби ҷӯшонидашуда дода шавад. Ҳангоме, ки ҳарорати ҳаво хеле тафсон аст, ба берун баровардани кӯдакон ва дар кӯлу ҳавзҳо оббозӣ кардани онҳо тавсия дода намешавад. Ҳангоми хӯрок додан ба кӯдакон волидайнро зарур аст аз хӯрокҳои зудвайроншаванда худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин дуру дароз зери шуои сӯзони Офтоб истодан зарар дошта, ба сӯхтани пӯсти бадани инсон, пайдоиши обилачаҳо дар он, инчунин дарди сару дилбеҳузурӣ оварда мерасонад.
Ҳарорати баланд барои гирифторони бемории диабети қанд мушкилӣ пеш меорад. Зеро дар ҳарорати баланд арақкунии бадан зиёд гардида, дар натиҷа консентратсияи қанди хун баланд мешавад.
Бояд гуфт, ки бештари гирифторони бемории диабети қанд ҳамчунин ба дигар бемориҳои музмин гирифторанд, ба мисли фишорбаландии шараёнӣ, бемории ишемикии дил, норасоии музмини дил ва гурдаҳо. Аз ин рӯ, ҳамаи ин бемориҳо ба якдигар таъсир намуда, хурӯҷи яке аз онҳо метавонад ба авҷгирии бемориҳои дигар боис шавад.
Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сокинон тавсия медиҳад, ки ҳангоми гарм будани ҳаво давоми рӯз тирезаҳои хонаро пӯшида нигоҳ доранд, бахусус агар онҳо рӯ ба офтоб боз мешаванд. Шабонгаҳон, вақте ҳарорати ҳаво дар кӯча поин аст, метавонанд тирезаҳоро боз монанд, албатта агар ин бехатар бошад.
Ҳангоми тоза кардани ҳавои манзил дар рӯзҳо ва шабҳои гарм кӯдаконро дар хона танҳо нагузоранд.
Агар дар хона ҳавополо дошта бошанд, пас талош кунанд, ки ҳароратро аз +22 +23 дараҷа паст намоянд. Маъмулан ҳама гуна касалиҳои вобаста ба сармохӯрдагӣ дар тобистон бар асари нодуруст истифода шудан аз дастгоҳҳои сардсозии ҳаво дар хона ва сӯистифода аз нӯшокиҳои сард ва яхмосҳо ба вуҷуд меоянд. Нагузоранд, ки ҳарорати бадан хеле гарм шавад, бештар об нӯшанд.
Аз нурҳои мустақими офтоб дурӣ ҷӯянд ва талош кунанд, ки ҳамеша дар соя бошанд. То имкон доранд дар айёми гарми рӯз аз соати 11 то 16 бе зарурат ба кӯча набароянд. Аз корҳои ҷисмонии вазнин низ парҳез кунанд.
Дар тан либосҳо аз матоъҳои табиӣ дошта бошанд, дар сар кулоҳи калони соядор, айнакҳои ҳимоя аз нури офтоб ва чатр гиранд.
Хуб мешавад, ки оби ҷӯшонида ва муносиб ба ҳарорати хона истеъмол кунанд ва ё обҳои бегази минералӣ нӯшанд. Об зиёд сард набошад, зеро ин муҷиби сироят ба бемориҳои гулӯ шуда метавонад. Аз нӯшидани обҳои ширин ва газдор, ҳамчунин шароб парҳез намоянд.
Шахси гармозадаро зуд дар соя хобонанд, дар ҷое, ки шамолрас бошад. Ӯро маҷбур созанд, ки қатра-қатра об нӯшад, баданашро бо матои намдор тоза кунанд. Баъзан лозим меояд нафаси сунъӣ диҳанд ва ё маҳси дил.
Ҳангоми истироҳат ва оббозӣ хеле бояд эҳтиёт кард, қоидаҳои ҳузур дар махзанҳои об, соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳоро риоя намуд.
Бояд гуфт, ки дар рӯзҳои гарми тобистон ҳар як шахс бояд саломатии худ ва наздиконро эҳтиёт намояд. Чунки инсон ҳамчун объекти биологӣ шароити муайяни фаъолияти организмро дорад. Ҳарорати ҳаво низ нишондоди муҳими физикӣ мебошад, ки дар ҳошияи муайяни ин нишондиҳанда организми инсон метавонад ба таври дуруст фаъолият кунад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон Форуми сеюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон беш аз 19 ҳазор ҳунармандон фаъолият менамоянд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт табақаи ниёзманд дастгирӣ меёбад
Анҷумани ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай соли 2026 дар Душанбе баргузор мегардад
Меъёрҳои муқарраргардидаи ҳарорати гармӣ дар баъзе биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе риоя намегардад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади густариши ҳамкории илмӣ мулоқот доир шуд
Бо тоҷиконе, ки дар шаҳри Сочи фаъолият менамоянд, вохӯрӣ доир шуд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Единая Россия» санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид
Баргу хазонро насӯзонед, зеро он ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад!
4 монографияи муштараки олимони Тоҷикистон ва Чин муаррифӣ гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






