Тавзеҳот оид ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671

Июль 1, 2024 07:50

Тавзеҳот оид ба амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671

ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян намудаанд.

Дар ин робита, моҳи декабри соли 2023 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки аз 1 январи соли 2024 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони онҳо, инчунин аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои дигари буҷетӣ, нафақа ва стипендия зиёд карда шавад.

Бо мақсади амалӣ намудани дастури мазкур санаи 9 январи соли 2024 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ба имзо расонида шуд.

Мутобиқи Фармони мазкур аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, яъне мактабҳои миёна, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилотии умумӣ аз синфи 1 то 11, литсейҳо, гимназияҳо, ҳамаи мактаб -интернатҳо, мураббиёни муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистон ва боғчаҳои кӯдакона ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад.

Ҳамзамон бо ин, маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, мактабҳои махсуси варзишӣ, коллеҷҳо, донишкадаю марказҳои такмили ихтисос ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф, инчунин, маоши вазифавии кормандони соҳаи илм ба андозаи 40 фоиз зиёд мегардад.

Музди меҳнати кормандони соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ 40 фоиз зиёд гардида, пардохти он аз рӯи Дастурамал оид ба тартиби таъин ва пардохти музди меҳнати кормандони ташкилоту муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Дар баробари ин, музди маоши кормандони соҳаи таъминоти иҷтимоӣ, аз ҷумла хона — интернатҳо барои маъюбону пиронсолон, осоишгоҳҳо, литсей интернати касбии махсуси маъюбон, шӯъбаҳои кӯмаки иҷтимоӣ дар хона ва дигар муассисаҳои соҳа ба андозаи 40 фоиз зиёд карда мешавад.

Дар асоси фармони мазкур, инчунин маоши вазифавии кормандони соҳаи фарҳанг, аз ҷумла китобхонаҳо, осорхонаҳо, клубҳо, театрҳо, матбуоти даврӣ ва нашрияҳо низ 40 фоиз зиёд карда мешаванд.

Бо мақсади ҷалб намудани мутахассисони болаёқат ба хизмати давлатӣ андозаи маоши заминавӣ барои мансабҳои маъмурии хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот 40 фоиз зиёд мегардад.

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2024, №671 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақали музди меҳнат дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шудааст.

Ҳамчунин, стипендияҳои амалкунанда, аз ҷумла стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, барои аспирантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбию илмӣ, стипендияи давлатӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ 40 фоиз боло бурда мешавад.

Мутобиқи фармони мазкур аз 1 июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия ( ва ё зиёд) карда мешаванд.

Таъмини маблағгузории зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия пурра аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ гардида, барои ин мақсад беш аз 2 млрд сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда мешавад.

Июль 1, 2024 07:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу ди Соуза барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Чжао Лэтсзи мулоқот намуданд
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии тантанавӣ дар Пекин иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд