Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон ва мубориза бар зидди терроризму экстремизм тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 29.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар ин самтҳо дар мулоқоти Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии узви Кумитаи доимӣ, муовини раиси Комиссия оид ба корҳои миллӣ ва динии Шурои машваратии сиёсии Чин, муовини раиси ҷамъияти Чин оид ба таҳқиқи ҳуқуқи инсон Тсзян Тсзинго дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои густариши ҳамкории мутақобилан судманд тарафҳо саъю талош менамоянд.
Вазири адлияи мамлакат ба меҳмонон оид ба Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша намуда, гуфт, ки ҳадаф аз эълон гардидани ин сол баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, таҳкими ниҳоди ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмини волоияти қонун мебошад.
Дар мулоқот баҳри тақвияти минбаъдаи кори муштарак оид ба мубориза бар зидди ифротгароӣ, ҷудоихоҳӣ, зуҳуроти тундгароии динӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, ҳамчунин дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотӣ изҳори омодагӣ карда шуд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






