Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи заминшиносӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд

Июль 8, 2024 08:56

ДУШАНБЕ, 08.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 10-солагии таъсиси Маркази илмӣ-тадқиқотии ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи илми заминшиносӣ, байни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти геологияи назди Вазорати захираҳои табиии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Саридораи геология.

Ёддошти тафоҳум бо мақсади тавсеа ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди илмию техникӣ дар соҳаи заминшиносии ҳарду ҷумҳурӣ ба имзо расида, дар асоси ин ҳуҷҷати муҳим татбиқи муштараки лоиҳаҳо дар самти тадқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, ҷустуҷӯи конҳои нав, коркарди илмӣ-техникӣ, омӯзиши муқоисавии сохтори геологӣ, тартиб додани харитаҳои геологӣ ва муқоисавии тадқиқоти қонуниятҳои металлогении ҷойгиршавии конҳои канданиҳои фоиданок, таҳқиқот ва истифодаи технологияҳо, асбобҳо ва таҷҳизоти нав дар корҳои иктишофи геологӣ, таҳқиқот дар соҳаи гидрогеология ва геологияи муҳандисӣ, геологияи агросаноатӣ ва омӯзиши равандҳои экзогении хатарнок, озмоиш ва таҳлили намунаҳои геологӣ, мубодилаи таҷриба ва ғайраҳо ба нақша гирифта шудаанд.

Сардори Саридораи геология дар ҷаласаҳои пленарӣ ва соҳавӣ дар мавзуи «Стратегияи рушди захираҳои маъданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, иброз дошт, ки ҷиҳати боз ҳам  густариш додани ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи омӯзиши геологии қаъри замин, аз ҷумла дар таҳияи асоснокунии иқтисодӣ-техникӣ оид ба коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, ташкил ва гузаронидани корҳои аксбардорию топографӣ барои сохтани харитаҳои геологии насли нав, имконияти омӯзиш ва табодули таҷрибаи кормандон, истифодаи таҷҳизоти геологӣ-геофизикӣ тадбирҳои муассир меандешад.

Ёдовар мешавем, ки Конференсияи байналмилалии ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи илми заминшиносӣ ва сармоягузорӣ ба соҳаи истихроҷи маъдан 2 июли соли 2024 дар шаҳри Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардида, то 7 июл идома меёбад.

 АКС: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2024 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»